(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки табақаҳои мухталифи ҷомеа сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки «Ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳилаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем. alt Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳиб-истиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид”.

Раиси шаҳр гуфт, ки маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Давоми 21 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Модар – Ватан ва таъмини некӯаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд. altДар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маданӣ ноил гардад. Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ сухан мегӯянд. Дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар бо шукргузорӣ ҳарф мезананд, ки Ватанро ободу мардумонашро шод гардонд, нақбу пулҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ - обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохт. Ин ҳама хушиҳо самараи ҳамон Созишномаи сулҳест, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд ва ҳамасола бо як дилгармии беандоза ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад.

Таъкид карда шуд, баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ хидмат ва нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ, фаъол намудани ҷунбиши пуриқтидори халқӣ, монанди ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зикр кардан айни матлаб буда, он ҷоннисориву ҷонбозиҳои Пешвои миллатро метавон чун қутбнамои фаъолияти мардуми тоҷик эътироф кард. Истиқлолияти Тоҷикистон агар замина-ҳои озодӣ, бунёдкорӣ, пешравӣ ва такомули ҷомеаро эҷод карда бошад, Ваҳдати миллӣ дар амалӣ шудани ин ниятҳо умеди тоза ато кард ва Тоҷикистон имрӯз ба як кишвари сарсабзу хуррам мубаддал гардид. altИстиқлолият ва ваҳдат дар баробари дигар ҷабҳаҳои ҳаёти мардум дар инкишофи тафаккури таърихӣ, хештаншиносӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ таъсири бузурге гузошт. Дар давоми 27 соли Истиқлолият ва 21 соли ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию руҳонии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рӯи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро музайян месозанд. Ҳоло барои он ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик гардад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, бахотири ободиву шукуфоияш талош намоем.

Сардори Идораи маорифи вилоят Осим Каримзода  табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи ҳозирин расонида аз ҷумла қайд кард, ки “Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва аз ин хотир вазифаи муқаддаси ҳар яки мо он аст, ки пояҳои давлатдории миллии  худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳмат кашем”.

Барномаи фарҳангии идона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...