(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи рӯзи 20 июн дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз кард.

Барои иштирок дар ин конфронс сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Покистон, Туркманистон, Афғонистон, беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Ҷараёни кори конфронс мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио пахш гардида, рафти кори онро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос карданд.

Мавриди зикр аст, ки даҳсолаи нави байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ ташаббус ва иқдоми чоруми созандаи ҷониби Тоҷикистон мебошад ва аз рӯйи он қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории амиқи кулли кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз қабул шудааст.

Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии ҷумҳурии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” расман оғоз гардид.

Қабл аз оғози чорабинии сатҳи баланд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарони давлатҳову ҳукуматҳо, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва коршиносони байналмилалиро дар даромадгоҳи Кохи Сомон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҳамин ҷо маросими хотиравии аксбардории Сарвари давлат бо роҳбарони ҳайатҳо ва созмонҳову кишварҳои иштирокчии конференсия баргузор шуд.

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оғоз ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни Конференсия, аз ҷумла сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони ҳайатҳои кишварҳои олам ва роҳбарони воломақоми ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёраро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.

Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзуъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки мо ба пешбурди Даҳсолаи нав бо такя ба таҷрибаи бисёр муфиди дар ҷараёни амалисозии ташаббусҳои қаблии глобалии марбут ба об андӯхта шуда, шурӯъ менамоем.

Мавриди зикр аст, ки дар ин самт тайи понздаҳ соли ахир Тоҷикистон саъю талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ҳамаҷониба тақвият бахшид. Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи мо саҳми арзишманд гузоштанд.

Дар фарҷоми суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки иштирокдорони Конфронс бо истифода аз имконоти имрӯза дар таҳияи тавсияҳои мушаххасу амалӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Даҳсолаи нав саҳми арзандаашонро хоҳанд гузошт.

Дар маросими ифтитоҳи кори Конфронс Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, Раиси Шӯрои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид хонум Мария Чотардова, Раиси Созмони Милали Муттаҳид - об, Роҳбари Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Жилбер Унгбо ва Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози ниҳоди назоратии масъалаи озуқаворӣ Герда Верберг суханронӣ карда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни кори Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муроҷиати видеоии Мирослав Лайчак - Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид намоиш дода шуд. Дар суханронии худ Раиси маҷмааи умумӣ оид ба оғози татбиқи даҳсолаи нави марбут ба оби тоза бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва ҳадафҳои созанда дар ин самт андешаронӣ намуда, ба иштирокчиёни конфронс барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони воломақоми конфронс ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мавриди пуштибонии амиқ қарор гирифт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...