(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн 18 - 19 июни соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар таърихи 20 – 21 июни 2018 иштирок хоҳад кард. Аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ истиқболи гарму самимӣ сурат гирифт.

2. Мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн баргузор гардид ва дар пайи он нишати васеи ҳайатҳо бо ҳузури ҷонибҳо доир гашт.

3. Ду роҳбар масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди муҳокимаи амиқ қарор доданд.

4. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташаббуси он ҷиҳати баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” табрик намуд. Роҳбарон зарурати расидан ба дастрасии ҳаматарафа ва одилона ба оби ошомидании безарару тозаро тавассути мудирияти рушдёфтаи обу беҳдоштӣ дар доираи ҳадафҳои рушди устувори CММ пешбинигардида таъкид намуданд.

5. Ду Роҳбар:

- Аҳамияти ҳамкории муштараки ҳамаҷонибаро барои таҳкими роҳ ба шарикии стратегӣ ва ҳамбастагии устувори минтақавӣ эътироф намуданд;

- Ба муштаракоти умумии таърихӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои байни мардумони Тоҷикистону Покистон арҷгузорӣ карданд;

- Аҳамияти ҳамоишҳои байналмилаливу минтақавиро барои фароҳамсозии майдони ҳамкории муассир ва заминаҳои муштарак, ки ҷавобгӯи ормонҳои неки дуҷониба, минтақавӣ ва глобалӣ мебошанд, аз ҷумла аҳамияти ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра бори дигар таъкид намуданд;  аҳамияти даъват ба иқдомҳои якҷоя ва фарогир барои ҳамгироӣ дар тамоми бахшҳои минтақаро қайд карданд.

6. Ду Роҳбар дар робита ба рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, энергетика, нақлиёт, мудофиа ва амният имкониятҳои васеъ мавҷуданд.

7. Ду Роҳбар аҳамияти пайвастагии минтақавиро тариқи бунёди шабакаҳои роҳи оҳан, заминӣ, ҳавоӣ ва рақамӣ барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баланд бардоштани эътимоди байни кишварҳои минтақа ҷиҳати суботу амнияти бештар эътироф карданд. Таъкидан қайд карда шуд, ки тамоми мақомоти марбута, аз ҷумла мақомоти авиатсионии ҳарду ҷониб раванди шабакаҳои алоқа ва дубора барқарор намудани хизматрасонии ҳавоиро фаъол созанд. Покистон ҳамзамон азми Тоҷикистонро барои дастрасӣ ба бандари Гвадар комилан дастгирӣ мекунад.

8. Ҷонибҳо ба сармоягузории мустақим ва муштарак дар минтақаҳои озоди/махсуси иқтисодии кишварҳои якдигар даъват намуданд.

9. Тоҷикистон ва Покистон аз қарорҳои дар рафти вохӯрии сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон барои татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар моҳи июли соли 2017 қабулшуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва пайвастагӣ истиқбол намуданд. Зарурати анҷоми саривақтии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 низ бори дигар таъкид карда шуд.

10. Ду Роҳбар қаноатмандии худро аз сатҳи густариши ҳамкориҳои амниятӣ, техникӣ ва низомии байни ду кишвар ва ҳавасмандиро барои таҳкими минбаъдаи ин ҳамкориҳо иброз доштанд.

11. Узвияти комилҳуқуқи Покистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои ҳамгироии васеъ дар минтақа имконияти бештар фароҳам месозад. Покистон азми худро барои тарғиби "Руҳияи Шанхай" дар асоси эътимоди мутақобила, манфиати муштарак, баробарӣ, машварат, эҳтироми гуногунии фарҳангӣ ва кӯшиш барои рушди умумӣ таъкид мекунад.

12. Покистон аз раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ истиқбол намуда, дастгирии комили худро ба лоиҳаҳои СҲИ ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи раёсат дар ин созмон иброз менамояд.

13. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти амниятӣ дар минтақа, ду Роҳбар таҳкими ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди тахдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки комёбиҳои Покистон дар мубориза бо терроризм тавассути гузаронидани амалиётҳои “Зарби Азб”, “Радд - ул - фасод” ва “Нақшаи амали миллӣ” барои сулҳу субот дар минтақа мусоидат мекунад.

14. Ду Роҳбар бори дигар азми қотеонаи худро ҷиҳати дастгирии раванди мусолиҳа дар Афғонистон, ки барои истиқрори сулҳу суботи минтақавӣ аҳамияти ҷиддӣ дорад, баён намуданд. Онҳо бори дигар бар аҳамияти раванди музокироти сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон бо роҳбарӣ ва ризоияти худи афғонҳо таъкид намуданд. Ду Роҳбар нақши муҳимми ҳамкориҳои минтақавиро ҷиҳати таъмини сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон қайд карданд.

15. Ду Роҳбар аҳамият ва зарурати ҳалли ҳамаи ихтолофоту низоъҳоро дар минтақа бо роҳи музокироти бардавом ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усули Ойинномаи СММ таъкид карданд.

16. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ, ки нисбат ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш дар рафти сафар сурат гирифт, изҳори сипос намуд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар ҳар замони барояш муносиб аз Покистон боздид намоянд. Даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.

Дар шаҳри Душанбе 19 июни соли 2018 ба имзо расид.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

 

Президенти
Ҷумҳурии Исломии Покистон
Мамнун Ҳусейн


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...