(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машварати васеъи кории Раиси шаҳри ХуҷандДирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ҳузури муовинони Раиси шаҳр, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони идораву ташкилот ва воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати корӣ доир намуд.

Нахуст, дар кори машварат дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлисӣ Олӣ ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас доир ба омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз масъулин пурсиш ба амал оварда шуд. Таъкид гардид, ки ин ду ид дар сатҳи баланди ташкилӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вилоятӣ ташкил ва гузаронида шавад.

alt Ба масъулини сарраёсати ободонӣ супориш дода шуд, ҷиҳати тозаву обод ва хуррамнамоии мавзеъи «Наврӯзгоҳ» бо соҳибмулки он тадбирҳо андешанд. Ҷиҳати ташкили атраксионҳои нав, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон, шиногоҳ, азнавсозии системаи чароғонкунии «Наврӯзгоҳ», ташкили «Боғи ҳайвонот», ҳафтае ду маротиба баргузории барномаҳои консертӣ дар дохили боғ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо назардошти рӯзи 1 июн, баргузор гардидани  тантанаҳои асосии Рӯзи кӯдакон дар боғи «Наврӯзгоҳ» ҷиҳати ташкили ройгони яхмосу обҳои ташнашикан ва химатрасониҳои атраксионҳо ба шахсони дахлдор дастур дод.

Ҳамчунин дар ҷаласаи корӣ иттилоъ дода шуд, ки бояд 1 июн обутобгоҳи соҳили дарёи Сир ба истифода дода шавад. Ҷиҳати ба сомон расонидани корҳои боқимондаи сохтмонӣ масъулин муваззаф гардиданд. Аз ҷумла, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин доир ба ташкили таҷҳизоти корбарии шиногоҳ бо шумули бехатарии он, чароғонкунии атрофии он, ҳуҷраҳои шустушӯй, ивази сару либос, ташкили мизи тенис, обҳои ташнашикан ва ғайра дастурҳо дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода роҷеъ ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истифода додани иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ аз масъулин пурсиш ба амал оварда, таъкид дошт, ки иншооти супоридашаванда бояд бо сифати баланд ба истифода дода шавад. Ба масоили ободонии иншооти нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласаи корӣ ҷиҳати вусъати корҳои бунёдкорӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандони кишвар, тадбирҳои муҳими омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои корҳои хайру савоб дар моҳи шарифи Рамазон ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, даъват ба амал овард, ки баҳри ободу хуррамнамоии шаҳри азизамон кӯшиш намуда, барои мардум зиндагии шоиста фароҳам созем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...