(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаъди боздид аз Регистон автобуси мо 30 километр берун аз шаҳри Самарқанд ба тарафи шимол ҳаракат намуда, ба мавзеъи Мақбараи яке аз олимони шинохтаи олами Ислом Имом Ал Бухорӣ расида омад. Мақбараи Имом ал-Бухорӣ дар ҷойгоҳи Хоҷа Исмоил ҷойгир шуда буд.
Бо дастури роҳбарияти сиёсии олии кишвари ҳамсоя дар шафати ин мақбара муассисаи тадқиқотии бузурги омўзиши дини мубини ислом сохта шуда истодааст, ки он бо мақсади илман исбот намудани ин дини оламшумул роҳандозӣ карда мешавад.
Чун ба ҳудуди мақбаи Имом ал Бухорӣ ворид шудем, роҳбалади мо Фарҳод Исматов гуфт, ки Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғира ибни Бардизбеҳ. Форс. Дар оилаи муҳиҷир аз Форс таваллуд шудааст, бобокалонаш (ал-Муғира) исломро «аз дасти» ҳокими Бухоров Яман ал-Ҷуфи Бухорӣ қабул кардааст. Падараш ҷонибдори Молик ибни Анас ва хеле шахси бомаърифат буд. Ӯ замоне вафот кард, ки Муҳаммад ҳанӯз хурд буд. Бухорӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модараш ба воя расид. 
Ба гуфтаи худаш то муддате дар назди машоихи зодгоҳаш Бухоро ба таҳсил пардохта, дар шонздаҳсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародари бузургаш Аҳмад барои адои фаризаи ҳаҷ ба Макка меравад. Пас аз анҷоми фаризаи ҳаҷ модар ва бародараш ба Бухоро бармегарданд ва ӯ барои идомаи таҳсил ба сарзаминҳои дуру наздики қаламрави онрӯзаи ҷаҳони ислом сафар карда, аз машоиху донишмандон дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз улуми динӣ, бахусус ҳадис меомӯзад. Ба гуфтаи худаш дар талаби илм ду бор ба Шом, Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра сафар карда, шаш сол дар сарзамини Ҳиҷоз иқомат намудааст ва ҳамроҳи муҳаддисон ба шаҳрҳои Куфа ва Бағдод бе шумор рафтуомад доштааст.
Бухорӣ дар синни 62-солагӣ бе боқӣ гузоштани насле аз худ аз дунё гузашт ва дар беруни шаҳри Самарқанд дар Хартанг ба хок супорида шуд. Оромгоҳи вай имрӯз ҳам зиёратгоҳи хоссу ом аст ва дар канори он китобхонае ба номи ӯ бино кардаанд.
Заковати фитрӣ ва нубуғи андеша Бухориро шахсияти мунҳасир ба фард гардонид. Ӯ мегӯяд: «Дар назди Дохилӣ ҳадис меомӯхтам ва ҳанӯз ёздаҳ сол доштам. Рӯзе дар аснои ривояти ҳадис гуфт: Суфён аз Абузубайр аз Иброҳим. Гуфтам: Абузубайр аз Иброҳим ривоят накардааст, агар (нусхаи) аслаш мавҷуд бошад, ба он руҷӯъ кун! Чун ба асли он нигоҳ кард, пурсид: Он чӣ гуна аст, эй ҷавон! Гуфтам: Зубайр, ки Ибни Адӣ аст, аз Иброҳим ривоят кардааст». Муҳаммад ибни Абуҳотим – варроқ (котиб)-и Бухорӣ мегӯяд: «Шабҳо понздаҳ-бист бор аз хоб бархоста, чароғ меафрӯхт ва ҳадисҳоеро ёддошт ва ё нишонагузорӣ мекард». Бухорӣ мегӯяд: «Чун ба ҳаждаҳ даромадам, китоби «Қазоё-с-саҳобати ва-т-тобеин», пас аз он китоби «Таърих»-ро дар Мадина дар назди қабри Паёмбар (с) тасниф намудам, онро дар шабҳои моҳтобӣ менавиштам».
Бухорӣ дар ин сафарҳои илмӣ сад ҳазор ҳадиси саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси поёнтар аз онро ҳифз намуда, дар маҷмӯъ 600 000 ҳадис гирд овардааст ва аз миёни онҳо саҳеҳтарин маҷмӯаи суханони Расули Худо (с)-ро интихоб ва дар китоби «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ»-и худ маъруф ба «Саҳеҳи Бухорӣ» дарҷ намудааст. Бухорӣ пас аз ин сафари тӯлонӣ вақте ба Бухоро бармегашт, аз ҳар шаҳре, ки убур мекард, мардум бо гармӣ аз ӯ истиқбол мекарданд. Дар Нишопур чаҳор ҳазор аспсавор, илова бар касоне, ки бо васоили дигар омада буданд, аз ӯ истиқбол намуданд. Дар якфарсахии шаҳри Бухоро мардум барояш чодар заданд ва бар сару рӯяш зару сим нисор карданд.
Бухорӣ барои қабули ҳадиси саҳеҳ меъёре дошта, ки дар назди уламои ҳадис ба «шарти Бухорӣ» маъруф аст. Тибқи он ҳадисе саҳеҳ ба шумор меравад, ки фард-фарди силсилаи ровиёни он то саҳоба – ровии аввал аз назари муҳаддисони бузург аҳли сиқа бошад ва санади он низ муттасил – ғайримақтуъ бошад. Бар ин асос, Бухорӣ барои гузиниши ҳадиси саҳеҳ иттисоли санад, итқони ривоят, васоқати силсилаи ровиён ва холӣ будан аз иллате дар матн ва ё санадро риоя мекард. Равиши нақди илмӣ, муайян намудани дараҷаи ҳадис ва ҳатто шеваи омӯзиши Бухорӣ аз дигар пешоҳангон ва толибони илми ҳадис фарқ мекард. Бухорӣ худ мегӯяд: «Вақте аз шахсе ҳадис менавиштам, ӯро аз ному насаб ва куняаш ва ҳамин тавр агар марди фаҳмидае буд, аз иллати ҳадис мепурсидам ва агар чунин набуд, аз вай мехостам, ки асл ва нусхаи онро ба ман нишон диҳад».
Бухорӣ дар сафари тӯлоние, ки барои касби илм дошта, аз шахсиятҳое чун имом Аҳмад, Алӣ ибни Мадинӣ, Исҳоқ ибни Роҳуя (Роҳвайҳ), Яҳё ибни Маъин, Вакеъ ибни Ҷарроҳ ва муҳаддисони дигар касби файз намудааст, ки аксари онҳо ба гунае дар сохтори андеша ва ташаккули пояҳои илмии вай нақш доштаанд. Вай камоли муҳаббат ва таассури шадиди хешро аз Ибни Мадинӣ ва имом Аҳмад иброз медорад ва мефармояд: «Худро дар назди касе, ба ҷуз Алӣ ибни Мадинӣ, ночиз надидам. Ҳашт бор ба Бағдод шудам, то бо Аҳмад ибни Ҳанбал ҳамнишинӣ намоям ва охирин бор вақте бо ӯ видоъ намудам, фармуд: Эй Абуабдуллоҳ, илму мардумро мегузорӣ ва ба Хуросон меравӣ?»
Бухорӣ мегӯяд: «Аз ҳазору ҳаштод тан ҳадис навиштам, ки ҳама соҳибҳадис буданд». Ҷои дигар мефармояд: «Нанавиштам магар аз касе, ки имонро қавл ва амал гуфта бошад». Аз ин гуфтаи Бухорӣ бармеояд, ки вай аз он машоихе, ки амалро аз имон ҷудо медонистанд, ҳадисе китобат накардааст ва дар китобҳояш ба ҷуз чанд маврид аз машоихи асҳоби раъй ва тарафдорони андешае, ки амал ғайри имон аст, ҳадисе ривоят нашудааст.
Муаллифони ҷомеъҳои ҳадисӣ ва пешвоёни ҳадис ба монанди Муслим, Тирмизӣ, Абузуръа, Абуҳотим ва дигарон аз Бухорӣ ҳадис ривоят кардаанд. Имом Бухорӣ аз назари фиқҳӣ яке аз пешвоёни мазҳаб ва ё равиши аҳли ҳадис ва дорои назароти иҷтиҳодии хосси худ буд.
Бухорӣ бо таълифоти равишманд ва осори илмии худ, бавижа китоби «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ» тавонист ҳаёти садри аввал ва тамаддуни исломиро ба таври комил ва дастнохурда ҳифз ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тақдим намояд ва дар сайри диншиносии ҷаҳонӣ ва маърифати фарҳангии наслҳо таъсир гузорад. Шарқшиносони аврупоӣ ба арзиши илмии осори Бухорӣ пештар пай бурда, соли 1862 ба таҳия ва чопи «ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ» дар чопхонаи Брелли шаҳри Лейден (Лейпсиг) иқдом карданд, ки нусхаи ҷилди1-и он дар китобхонаи донишгоҳи шаҳри Стаффорд дар Калифорния нигаҳдорӣ мешавад.
Шахсият ва осори илмии Имом Бухорӣ назари шахсиятҳо ва маҳфилҳои илмиро дар имтидоди асрҳо ба худ ҷалб карда, аз сӯи пешоҳангони андешаи башарӣ мавриди омӯзиш ва арзёбии васеъ қарор гирифтааст. Дар ин муддат даҳҳо масҷид, марказҳои илмӣ ва шахсиятҳо дар ҷаҳони ислом ба номи ӯ номгузорӣ шуда, нишастҳои илмӣ ва конфронсҳо ба ёди шахсият ва ё дар бораи осори илмии ӯ баргузор гардидааст. Шоёни зикр аст, ки соли 2010 шаҳри Душанбе аз сӯи Созмони фарҳанг ва маорифи исломӣ (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид ва дар он конфронсе дар сатҳи кишвар ба муносибати 1200-солагии зодрӯзи Бухорӣ зери унвони «Имом Бухорӣ ва илми ҳадис» баргузор шуд. Барои шиносоии бештар бо шахсияти ин нобиғаи тоҷик худи ҳамон сол аз сӯи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик А. М. Баҳоуддинов китобе бо номи «Зиндагонӣ ва сирати имом Бухорӣ» таҳия шуда, ба чоп расид ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» дар бораи ӯ филме ҳам ба навор гирифта шуд.
Таъкид шуд, ки дар даврони шӯравӣ ба тармими оромгоҳи Имом Бухорӣ ҳукумати ҶШС Узбекистон диққат зоҳир намекард. Ҳатто мегўянд, ки яке аз роҳбарони вақти Ливия омада то саҳар дар мақбараи вайронаи Имом Ал Бухорӣ намоз мехонад. Ба ҳолати атофи мақбара дилаш сухта аз ҳукумати вақт хоҳиш менамояд, то ин ки ба ҳар кило хоки Имом Ал Бухорӣ тилло дода ўро ба Ливия мебарад, вале онҳо розӣ намешаванд Ва худ аз пайи ободии он мешаванд.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Узбекистон, қадамқойи Имом Бухорӣ ба Маҷмаи фарҳангӣ табдил дода шуд. Дар он оромгоҳи бошукӯҳи Имом Бухорӣ бо сангҳои қимматбаҳо оро дода шуда, мақбараи зебо, масҷид, осорхонаи мутаффакири ислом, ва саҳни васеъ барои ибодати 5000 намозгузорон бунёд гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2356
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2908
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5264
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15163
mod_vvisit_counterҲамин моҳ31963
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50785
mod_vvisit_counterҲамагӣ1336156