(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду бастро дар ҳудуди мактаби рақами 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мактаби рақами 26 ҳанӯз соли 1936 вақти бунёди Неругоҳи барқи обиии “Варзоб” сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгу нест, зеро дар ин бино,  ки барои 340 нафар пешбинӣ шудааст, дар се баст 900 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешуд. Бо дарназардошти вазъи ба амал омада ва таъминоти хонандагон бо синфхонаҳои барҳавову замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълим, инчунин беҳтар кардани сифати тадрис Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр як бинои иловагии нав барои фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Ҳамин тавр дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2017 барои бунёди бинои таълимӣ озмун эълон карда шуда, наздики 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “САНИИОСП” ва пудратчӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “СТС-Иншоот” мебошад.

Мактаби нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, озмоишӣ, таълими меҳнат, мусиқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ҳарбӣ ва аз 15 синфхонаҳои дигари таълимӣ иборат аст.

Барои ба талаботи замони имрӯза мутобиқ кардани мактаб дар ин ҷо  толори муосири варзишӣ, ошхона бо 130 ҷой, толори барҳавои маҷлис бо 250 ҷойи нишаст ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати хуб сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи таълимӣ бо хонандагони хуштолеъ, ки имрӯз соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат - мактаби нав гардиданд, суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз худ кардани илму технологияи замонавӣ ҳидоят карданд. Хонандагон низ дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо истифода аз тамоми шароитҳои таълим хубу аъло мехонанд.

Баъди шиносоии пурра бо шароити донишомӯзӣ дар толори маҷлиси ҳамин мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон ва дигар фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти судманд доир карданд.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба ҳозирин шодбош гуфта, оид ба дастовардҳои соҳаи пешбарандаи ҷомеа - мактабу маориф, талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти шароити иҷтимоии мардум андешаронӣ намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...