19 Январ 2018
Имрӯз аз ҷониби масъулини Корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд зиёда аз 300 адад кундаву решаҳои канори роҳи хиёбони Рифъат Ҳоҷиев, аз маҳаллаи 19 то 12-ум тозаву барканда шуд ва ин мавзеъҳо барои шинонидани ниҳолҳои нав омода гардиданд. Интизор меравад, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чунин тадбирҳои омодасозии канори роҳҳо барои мавсими ниҳолшинонӣ дар канори роҳҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сирдарё, Султон Умаров ва дигар кӯчаҳои асосии шаҳр идома ёфта, он марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд