(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳр дар соли 2017 ба 80 ҳазору 900 расид, ки аз ин миқдор 36 ҳазору 500 нафари онҳоро духтарон ва 41 ҳазору 400 нафари онҳоро писарон ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди шаҳр 280 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дошта, соли 2017 20 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар арафаи таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Маҷмааи фароғатию варзишӣ, барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол дар маҳаллаи Мевағул ифтитоҳ гардид. Барои бунёди маҷмааи мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағи умумии 180 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар ин радиф бом, бинои маъмурӣ ва ҳавзи шиноварии Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ” ва Варзишгоҳи “Спартак”- и шаҳр пурра таъмиру таҷдид карда шуд. Барои таъмиру таҷдиди Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ ва варзишгоҳи “Спартак” 100 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардид.

Ҳамчунин ба маблағи наздик 400 ҳазор сомонӣ сохтмони бинои маъмурӣ дар Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1” ба итмом расонида шуд.

Бахшида ба “Соли ҷавонон” давоми соли 2017 дар шаҳр зиёда аз 180 чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби зиёда аз 142 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сайёҳону меҳмонон доир гардиданд.

Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 20 нафар ҷавонон, аз ҷумла 8 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки 33% хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад.

Баҳри дастгирии моддиву маънавии ҷавонон соли 2017 дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бахшида ба Соли ҷавонон ҳаҷми стипендияи Раиси шаҳр 54% зиёд гардида, санаи 18 май ба 100 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ стипендия тақдим карда шуд. Аз ҷумла, бори нахуст ба 20 нафар варзишгарони шаҳр, ки дар соли 2016 ба дастоварди баланди варзишӣ ноил гардиданд, низ стипендия супорида шуд.

Бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби васеи омма ба варзиш дар соли 2017 беш аз 140 чорабиниҳои варзишӣ аз қабили спартакиадаҳо, семинарҳои омӯзишии варзишӣ, веломарафону дави миллӣ ва мусобиқаҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ аз рӯи намудҳои футбол, каратэ-до, намудҳои гӯштин, бокс, шиноварӣ, қаиқронӣ, варзиши сабук, волейболу баскетбол, варзиши ушу, бадминтон, теннис бо ҷалби зиёда аз 80 ҳазор нафар ҷавонон, шаҳрвандону мухлисон ва варзишгарони касбӣ баргузор гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки як қатор варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи мухталиф ширкат варзида, муаррифгар ва парчамбардори давлати тоҷикон гардиданд.

Дар ин радиф бояд қайд намуд, ки тибқи нақшаи тақвимии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол байни наврасони  17 сола баргузор гардид. Дар чемпионати мазкур ҳайати дастаи мактаби варзишии №1-и шаҳр иштирок намуда, дар байни 11 даста сазовори ҷои 2-юм гардид.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояи Суғд дастаи Клуби футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар лигаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дар мавсими соли 2017 сарбаландона иштирок намуда, сазовори медали нуқра гардида, роҳхат барои иштирок дар ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ва бори чорум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Ҷиҳати иштирок дар Фестивали бозиҳои варзишӣ (марҳилаи III) бахшида ба таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки санаҳои 8-9 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 33 нафар варзишгарони шаҳр аз рӯи намудҳои чавгонбозӣ, шиноварӣ дар ҳайати дастаи вилояти Суғд иштирок намуданд ва дар натиҷа сазовори ҷои дуюм гардиданд.

Дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ назаррас мебошад. Дар соли 2017 варзишгарони шаҳр ба гирифтани 2811 медал, аз ҷумла, 980 медали тилло, 798 медали нуқра ва 1033 медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...

Youtube