(0 овоз, миёна 0 аз 5)

“Ганҷи сухан” дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд

Нишасти 157 маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар толори  Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Ин давъа ба маҳфил олимону адибони маъруф омӯзгорони фанни забон ва адабиёти мактабҳои шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯъ 250 нафар ширкат варзиданд. Дар даромадгоҳи бинои мактаб барои меҳмонон аз ҷониби нашриёти “Ношир” ва шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд  намоиш ва муаррифии   китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобу дастурҳои методӣ оид ба усули таълим ва омӯзиши забон ва адабиёт дар мактаб ва китобҳои тозанашри олимону адибони вилоят манзур шуд.Меҳмонони маҳфил дар баробари ошноӣ бо китобҳо имконияти харидории онро низ доштанд.  Хонандагон ба пешвози меҳмонон аз ашъори адибони тоҷик порчаҳои шеъри қироат намуданд. Маҳфилро роҳбари он  адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард,ки ҳадафи маҳфили навбатӣ ба роҳ мондани ҳамкории устодони забон ва адабиёт бо факутети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.Гузашта аз ин дар маҳфил тасмим шуд, сатҳи китбоҳои дарсӣ, усули таълими адабиёт, назари омӯзгорони мактаб оид  ба ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирад.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад карда, маҳфили мазкурро аз ташаббусҳои шоиста дар партави мулоқоти дирӯзаи Раиси вилояти Суғд  мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  бо аҳли маорифи вилоят арзёбӣ намуд.
Дар бахши навгонињои илмиву адабӣ ва фарњангӣ оид ба муҳимтарин рӯйдодҳои илмиву фарҳангии соли 2017, аз ҷумла китобҳои тозанашр  Ислом Раҳимов,номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд.
Сипас адабиётшинос Тоҷибой Султонзода, таҳти унвони” Назари интиқодӣ ба китобҳои дарсии адабиёт дар мактабҳо” маърӯза намуда, оид ба ғалату нуқсон ва камбудиҳои китоби дарсии “Адабиёти тоҷик синфи 7” ибрози назар кард. Бо мисолҳои мушаххас аз саҳву иштибоҳҳои муаллифони китоб ба ҳозирин нақл намуд.  Баъдан   дар мавзӯи “Усулҳои муосири таълими адабиёт дар мактаб” Мирзоҳабиб Аҳмадов номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маърӯза намуда, аз навгониҳои ин соҳа ибрози назар кард. Оид ба  мавзӯъҳои зикрёфта байни  омӯзгорону устодон баҳси илмиву методӣ рӯи кор омад ва омӯзгорон пешниҳодҳои мушаххаси худро  дар беҳдошти таълими адабиёт дар мактаб баён карданд. Аз ҷумла дархост шуд,ки дастурҳои иловагӣ барои таҳлили порчаҳои манзуми китобҳо аз ҷониби муттахассисон таълиф гардад.Ҳамчунин зарурати ҷалби омӯзгорони соҳибистеъдоди мактабҳоро ба таълифи китобҳои дарсӣ  ба миён гузоштанд. Пешниҳод шуд ки дар китобҳои дарси синфҳои 7-9 порчаҳои шеърӣ аз назари мавзуву мундариҷа бештар оид ба ахлоқ ва тарбия бошад.
Дар бахши “Минбари шеър” Нурмуҳаммад Ниёзӣ - Шоири Халқии Тоҷикистон  дар бораи рисолати шоир дар ҷомеа изҳори назар карда,бо шеърҳои нави хеш ҳозиринро шод сохт. Сарояндаи хушадо Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов бо суруди дилнавоз  ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид. Монтажи адабии “ Достони Ватан” дар иҷрои донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров писанди ҳозирин гардид. Дар поён ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд ба маърӯзачиён ва ташкилкунандагони маҳфил бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...