(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иди Парчам дар маҳаллаҳои шаҳрДар остонаи ҷашни Рӯзи парчами миллӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба иқдоми наҷибе даст зад. Ба хотири боз ҳам хубтару самимитар таҷлил намудани ин санаи фархунда субҳи имрӯз дар маҳаллаи Масҷиди савр бо иштироки беш аз 400 нафар сокинони маҳалла чорабинии идона ташкил намуд. Саҳни чойхонаи маҳалла идона оро дода шуда,  дар як гӯшаи он бошандагони маҳалла дар озмунии зеҳнии шоҳмот, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ рӯи кор омад, маҳорат ва дониши худро санҷиданд. Онсӯтар гурӯҳе аз фаъолзанони маҳалла бо дастурхони идона чорабиниро оро доданд. Занони ҳунарманди маҳалла маҳсули дастранҷи аз матои атласу адрасдӯхтаи худро ба маъраз гузошта буданд.
Меҳмонони чорабинии идона Сарфароз Фаттоҳзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷамшед Ҷӯразода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломӣ  аз намунаи дастранҷи аҳли маҳалла ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари  дӯзандагиву пазандагии сокинон баҳои баланд доданд. Иди Парчам дар маҳаллаҳои шаҳр Дар гӯшаи дигари ин мавзеъ хонандагон Парчами миллӣ дар даст дар васфи Ватан- модар шеърҳо қироат намуданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Наим Маликисломӣ аҳли бошандагони маҳалларо бо Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки  мо ифтихор аз он дорем, ки дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ таҳти роҳнамоиву ғамҳориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар умр ба сар мебарем. Ва рисолати мо он аст, ки ин кишвари азизу маҳбубро чун гавҳараки чашм азиз дошта, дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сокинон кӯшиш ба харҷ диҳем.
Яке аз рукнҳои давлату давлатдорӣ ин доштани парчами худ мебошад, ки дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии кишвар парчами мо тасдиқ гардид.
Бо амри Сарвари давлат ҳамасола санаи 24-уми ноябр дар мамлакатамон Рӯзи парчам бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ мегузорад. Қомат афрохтани баландтарин пояи Парчам дар ҷаҳон дар пойтахти кишварамон ҳар як сокини мамлакатро барои худшиносии миллӣ таккон медиҳад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини дар фазои сиёсии ҷомеа зуҳур карданаш, дар такя ба ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар парчам, нишон, рамз ва суруди миллиро эҳтиром дошта онро воситаи хуби худшиносӣ ва сари баланди халқ эътироф менамояд.
Баргузории чорабинии имрӯза низ маҳз ба хотири баланд бардоштани ифтихори миллӣ, талқини дӯстиву рафоқат байни маҳаллю кӯчаҳо ва лаҳзае бошад ҳам шод кардани хотири сокинон мебошад.
Мавсуф афзуд, ки Кумитаи маҳаллаи Масҷиди савр аз ҷумлаи маҳаллаҳои қадимтарини шаҳр маҳсуб ёфта, даҳҳо шахсиятҳои варзида дар ин маҳал ба камол расидаанд.  Мо дар такя ба анъанаҳои мардумӣ имрӯз хостем шодишарики ин маҳал ва устодону шогирдони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд бошем ва Рӯзи Парчамро бо иди кӯча тавъам созем.
Профессор Ҷамшед Ҷӯразода низ дар суханронии хеш аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ бояд ҳар сокини кишвар аз таъриху тамаддуни худ огоҳии бештар дошта бошад. Чорабинии имрӯза воқеан иди халқист ва бо ин васила гурӯҳи зиёди сокинон ин ҷо сарҷамъ шуда, аз моҳияти парчаму парчамдорӣ иттолои бештар ёфтанд. Сокинони маҳаллами Масҷиди савр дар гузашта низ бо заковати шеърдониву таърихнигории худ аз дигар бошандагони Хуҷандшаҳр фарқ мекарданд. Инро банда зимни навишти рисолаи номзадӣ дар  сӯҳбат бо пирони рӯзгордида эҳсос намуда будам.
Фаттоҳзода Сарфароз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, зимни баромади хеш таъкид намуд, ки баргузории чорабинӣ дар чунин сатҳ бешубҳа дар  амалӣ гардонидани сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа нақши муассир мебозад. Мо имрӯз шоҳиди ободкориву созандагии сокинони маҳал гардидем. Ба шарофати ҷашнҳои умумиллӣ ҳар як бошандаи маҳалла хонаву дари хешро тозаву озода нигаҳ доштаанд ва рӯ овардан ба анъанаву суннатҳои мардумӣ, ки ҷузъи асосии талаботи озмуни имрӯза аст, бори дигар аз масъулиятпешагӣ ва маҳорати ташкилотчигии кумиҷроияи шаҳрӣ дарак медиҳад.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои «Кӯчаи беҳтарин», «Оилаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», инчунин мусобиқаи «Шоҳмотбози беҳтарин» ҷамъбаст гардиданд.
Дар бахши «Кӯчаи беҳтарин»  ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро кӯчаҳои ба номи  Тошхоҷа Асирӣ, Абдурауф Саломов ва «Дуредгарон» соҳиб гардиданд. Дар номинатсияи «Оилаи беҳтарин» ғолибият насиби Тошматов Собирҷон гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро оилаҳои Ҳабибов Абдураҳмон ва Раҳимова Мӯътабар  соҳибӣ намуданд. Дар бахши кадбонуи беҳтарин ғолибият насиби кӯчаи ба номи  Камоли Хуҷандӣ гардида, зинаҳои баъдиро кучаҳои  Маҳмудхӯҷа Исмоилов ва Тошхоҷа Асирӣ ишғол намуданд.  Шоҳмотбози беҳтарини чорабинӣ насиби Ҳайдар Бақоев гардид. Ҷойҳои дуюму сеюмро шоҳмотбозони маҳалла Абдурасул Калонов ва Фатҳулло Охунов соҳиб шуданд.
Ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ тақдиронида шуданд.
Дар чорабинии адабиву фарҳангӣ, кормандони фарҳанги шаҳр, мактабиён, гурӯҳи ҳаваскорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо барномаҳои рангин хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...