(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонИмрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ карда шуд.

Сипас “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2017” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” ва Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 ҳисоботи вазирони рушди иқтисод ва савдо ва молияи ҷумҳурӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки маҷмуъи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба 42,4 миллиард сомонӣ ва рушди воқеии он ба 6,8 фоиз баробар гардид.

Қисми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар сатҳи 100,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 14,1 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Ин нишондод нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ 33,2 фоизро ташкил дод. Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба 13,9 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Истеҳсоли неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ 13,7 миллиард киловат соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 469,3 миллион киловат соат афзоиш ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки новобаста аз мусбат ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ захираву иқтидорҳои истифоданашуда дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам ба назар мерасанд.

Бинобар ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои расидан ба ҳадафҳо, иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи нақша - чорабиниҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, бояд аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Зимни таҳлилу баррасиҳо иқтидори содиротии кишвар ба назар гирифта шавад. Ҷиҳати таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ҷалби сармояи хориҷӣ афзоиш дода шавад, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзию саноатӣ боло бурда шавад, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ карда шуда, нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷаи давлат таъмин гардад.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021”, “Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об   барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мавриди баррасии аъзои Ҳукумат қарор гирифт.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин 4 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ” ирсол гардид.

Аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба лоиҳаҳои дигар қарорҳо аз ҷумла, Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019, Дар бораи дастгирии давлатии молиявии баъзе корхонаҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва Оид ба нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар кори маҷлис ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон шунида шуд.

Ҳамчунин имрӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе “Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъбаст намуд.

Ҳамин тавр роҳбарияти якчанд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар дар бахшҳои сохтмони беҳтарин майдончаи варзишӣ, ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбон, бунёди гулгаштҳо ва сифати корҳо бо мукофотҳои арзишманди пулию молӣ қадр карда шуданд.

Ба ҳар як ғолиби озмун Ҷоиза, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Сарвари давлат зимни супоридани мукофотҳо ба сифати кори иштирокчиёни озмун баҳои баланд доданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом агар аз як тараф ба ободонии пойтахти кишвар, зебову дилнишин гаштани кӯчаву хиёбонҳои он мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар тадбири мазкур ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кудакон ва ба варзиш машғул шудану обу тоб додани ҷисми онҳо хизмати арзанда мекунад.

Баъди ҷамъбасти озмун роҳбарияти 80 сохтору мақомоти давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаббус гирифтанд, ки аз ҳисоби даромади хеш дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ва насли ояндасози ҷумҳурӣ майдончаҳои варзишии муосир бунёд менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми шоиста баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ дар дигар марказҳои ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бисёр боманфиат аст.

Дар охири кори маҷлиси ҳукумат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо шудани шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои наздишаҳрӣ аз ҳозир барои шинонидани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ дар хиёбонҳо ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳо андешанд.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати истифодаи оқилонаю самараноки неруи барқ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва захираи хурокаю маводи сухт дода шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...