РАСМӢБА СОКИНОНИ ШАҲРБА САРМОЯГУЗОРОН ВА СОХТОРҲОИ ТИҶОРАТӢБА МЕҲМОНОНИ ШАҲРМАЪЛУМОТНОМА 
 
.:: Аксҳои шаҳр ::.
.::Лица города::.
Сайт Исполнительного органа Государственной власти г. Худжанда

Создать рекламу

Иди касбии нақлиётчиён

Хуҷанд. 24 июл. Пагоҳ нақлиётчиёни мамлакат иди касбии худ - Рӯзи коркунони нақлиёти автомобилиро бо рӯҳияи болида таҷлил мекунанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов ба ин муносибат ронандагону таъмиргарони муассаҳои нақлиёти автомобили қаламрави шаҳр ва кулли алоқамандони соҳаро муборакбод кард.

Т А Б Р И К И

Раиси шаҳри Хуҷанд Мирхолиқов С.Т.

ба муносибати Рӯзи коркунони нақлиёти автомобилӣ

 

Кормандони муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбиашон - Рӯзи коркунони нақлиёти автомобилӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр самимона  табрику шодбошиҳо мегӯям. Барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти пурмаҳсулашон баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар ва адои хизмати мардум муваффақиятҳо таманно мекунам.

Соҳаи нақлиёт аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ аст, ки  рушди ҳамаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, ҳамчунин эҳтиёҷоти мардум бо он зич алоқаманданд. Ин нуктаро ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои нақлиёти автомобилии боркашону мусофирбар ва албатта, соҳибкорони инфиродӣ, ки бо хизматрасонии нақлиётӣ сарукор доранд, нағз дарк мекунанд.

Нишондиҳандаҳои дилпуркунандаи нимсолаи аввал далели торафт рушдёбии соҳаанд. Дар ин давра нақлиётчиёни шаҳр, бо шумори ашхоси воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 776,3 ҳазор тонна бор кашонданд. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 33,2 ҳазор тонна, ё ба қадри 4,5 фоиз изофа мебошад. Мавриди зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии боркашонӣ 27,1 фоизаш мутааллиқ ба соҳибкорони инфиродист, ки ҳамарӯза барои бурдуоварди бори хоҷагии халқ заҳмат мекашанд.

Дар мавриди мусофиркашонӣ ҳам ҳиссаи соҳибкорон назаррас мебошад. Он 89,9 фоизи нишондиҳандаи умумиро ташкил медиҳад.  Дар маҷмӯъ ҳаҷми мусофиркашонӣ назар ба 6 моҳи соли гузашта 13,7 фоиз афзуд. Ҳамаи муассисаҳои нақлиёти мусофиркашон дар ҷамъбасти нимсолаи аввал нишондиҳандаҳои хуб ба даст оварданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои беҳдошти вазъи соҳа, таҷдиди парки мошинии муассисаҳои нақлиётӣ, беҳбудӣ бахшидан ба вазъияти роҳҳои мошингард, таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии кӯчаҳо табдирҳои мушаххас меандешад. Алҳол бо институтҳои молиявии ҷаҳонӣ дар мавриди харидории теъдоди зиёди автобусҳо кор рафта истодааст.

Умед ба он мебандем, ки коркунони муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ қатори меҳнаткашони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ минбаъд низ бо дарки масъулияти том баҳри адои сарбаландонаи вазифаҳои дар наздашон истода, ба хотири рушди иқтисодиёти шаҳру  вилоят ва мамлакат садоқатмандона меҳнат мекунанд.

Бори дигар нақлиётчиёнро бо иди касбӣ муборакбод карда, барори кору бор ва саодати рӯзгорашонро орзу мекунам.

Иди касбӣ муборак бод!

 

Подписаться на Худжанде

Add to Google Reader or Homepage

stats counter

.:: Навгониҳо ::.
.:: Ҳисобкунак ::.
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз255
mod_vvisit_counterДирӯз554
mod_vvisit_counterИн ҳафта3543
mod_vvisit_counterИн моҳ2323
mod_vvisit_counterҲама128786

 

  ©2009 All rights reserved by LG of Khujand. Designed by Centre ICT (Dushanbe) and CIT Kova (Khujand)

google