|
Хуҷанд. 19 июл. Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд тавассути истифодаи самараноки захираю имкониятҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар нимсолаи аввали соли 2010-ум 1,3 фоиз афзоиш бахшиданд.
Дар ин муддат ба маблағи 118,4 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.
Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук назар ба ҳамин давраи соли гузашта 19,4 фоиз ва маводи хӯрока 6,9 фоиз изофа гардид.
|