РАСМӢБА СОКИНОНИ ШАҲРБА САРМОЯГУЗОРОН ВА СОХТОРҲОИ ТИҶОРАТӢБА МЕҲМОНОНИ ШАҲРМАЪЛУМОТНОМА 
 
.:: Аксҳои шаҳр ::.
.::Лица города::.
Сайт Исполнительного органа Государственной власти г. Худжанда

Создать рекламу

Пиёда аз Рязан то Душанбе

Хуҷанд. 17 июл. Шоир, нависанда ва журналист, мухбири рӯзномаи «Вести трудовой миграции» Алексей Авғонов, ки 27-уми март аз макони зисташ – Рязан ба сафар баромада буд,  ба Хуҷанд расида омад.

Ӯ масофаи беш аз сеюним ҳазор километрро 4 моҳ пиёда тай кард. Зодаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлони Тоҷикистон ва муқими кунунии шаҳри Рязани Федератсияи Русия Алексей Амиршоевич Авғонови 68-сола шаҳрҳои  Саранск, Саратов, Сизран,Уляновск, Пенза, Самараро тай карда, 9-уми май дар рӯзи ҷашни 65-солагии Ғалабаи оламшумули халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вориди Волгоград шуд.

 

Воқеан, рӯзи 9-уми май ба қаҳрамоншаҳри Волгоград омадани Алексей Авғонов рамзист. Зеро ҳадафи сафари дурударози ин мӯйсафеди танманд ва чусту чолок ба ҳамин санаи муборак бахшида шудааст.

- Ин роҳест, ки падарони шарафманди мо тӯли шабу рӯзҳову моҳҳову солҳо ба хотири озодии ҳар ваҷаб хоки Ватани кабирамон аз қадами нопоки душман ва имрӯзу фардои фирӯз пиёда тай кардаанд. Ба онҳо тир мепарронданд, аз миёни дуду оташ мегузаштанд, ҳар лаҳза ба ҷонашон хатар таҳдид мекард, лекин пеш мерафтанд, қаҳрамон буданд ҳар яке аз онҳо.  Ман ҳам шабу рӯзу моҳҳо пиёда аз ин роҳ гузаштам, ба ман ҳар роҳгузаре бо чашми меҳр нигоҳ мекунад, бароям оғӯш мекушояд, ронандаҳо мошинашонро бозмедоранд, то маро ҳамроҳашон гиранд, аммо ман эҳтиромона мақсадамро баён мекунам, - мегӯяд Алексей Авғонов.

Дар муроҷиати Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи меҳнаткашони муҳоҷир, ки дар Сомонаи интернетиаш дарҷ гардидааст, қайд мешавад:

 

«Ин Ғалабаро ҳамаи халқҳои СССР таъмин кардаанд!

Дӯстони азиз!

9 маи соли 2010 ба Ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 65 сол пур мешавад. Ин Ғалабаро ҳамаи халқҳои СССР – русҳо ва украиниҳо, белорусҳо ва ӯзбекҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо, тоҷикон ва гурҷиён, ҳамчунин намояндагони халқҳои дигар таъмин кардаанд.

Бо мақсади зинда доштани корномаҳои онҳо, тасмим гирифтем, хотираҳои иштирокчиёни ҷангро, ки фарзандонашон муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия маҳсуб мешаванд, интишор намоем. Ва ё худи шумо хотиротатонро аз бобоёну падаронатон нависед. Мо бо қаноатмандӣ маводҳои шуморо дар Сомонаи худ ва саҳифаҳои  рӯзномаи «Вести трудовой миграции» дарҷ мекунем.

Данный адрес e-mail защищен от спам-ботов, Вам необходимо включить Javascript для его просмотра.

КМ Иттифоқи касабаи меҳнаткашони муҳоҷир»

Ҳамин тавр Алексей Авғонов шаҳрҳои Бузулуғ, Оренбург, Орск, Оқтеппа, Олмаато, Бишкек, Иссиқкӯл, Ҷалолообд, Ӯш, Бокентро гузашта, ба хоки Тоҷикистони азизаш, ки наздик ду даҳсола муқаддам бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва носозгориҳои ҳаёти ҷомеа ҳамроҳи падару модар ва аҳли байташ  тарки ин макон карда буд, ворид шуд.

Исфара нахустқадамгоҳаш ба ватанӣ аҷдодиаш гардид. Баъд ба Конибодом омад, аз он ҷо бо убури Қӯқанд ба Ашт гузашт ва дина ба Хуҷанд расид.

- Хуҷанд хеле зебо шудааст, - таассуроташро аз маркази маъмурии вилояти Суғд ифода мекунад Алексей Амиршоевич. - Мардумонаш ҳам дар маданияти шаҳрдорӣ ва  фарҳанги муошират басо ибратбахшанд.

Сафари Алексей Авғонов акнун дар вилояти Суғд идома меёбад. Ӯ ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро мегузарад. Бо мардумонаш сӯҳбатҳо мекунад. Мулоқоташ бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аъзои оилаҳои шаҳидони ҷанг, рӯйнавис кардани хотироти онҳо меҳвари асосии ҳадафҳои сафараш хоҳанд буд.

Алексей Авғонов ният дорад китобе нависад аз таъсуроти сафараш аз Рязан то Душанбе.

- Аз мағозаи сари роҳ байрақи Тоҷикистонро мехарам ва субҳи 9-уми сентябр онро алвонҷ дода вориди Душанбе мешавам, - нияташро иброз медорад Алексей Авғонов.

Баъд  бозмегардад ба Рязан. Он ҷо ӯро падари 92-солааш – Амиршо Авғонов, модари 86 – солааш собиқадори ҷангу меҳнат Тамара Анисимовна Авғонова, ду духтару ду писараш ва наберагонаш интизоранд.

Дар поёни сӯҳбат Алексей Амиршоевич хоҳиш намуд, ки рақами телефонҳояшро дар ҳамин мавод ҷой диҳем, то ҳар касе нияти гуфтугӯ бо ӯ дорад, дар тамос шуда тавонанд. Бо ихлос ва эҳтиром ин хоҳишро ба ҷо меорем:

Рақами телефоне, ки алҳол фаъол аст – 917460057

Рақами телефон дар Русия – 89038345339 (баъди моҳи октябр фаъол хоҳад шуд)

 

Маҳмудҷон Иброҳимов

Данный адрес e-mail защищен от спам-ботов, Вам необходимо включить Javascript для его просмотра.

Данный адрес e-mail защищен от спам-ботов, Вам необходимо включить Javascript для его просмотра.

 

Подписаться на Худжанде

Add to Google Reader or Homepage

stats counter

.:: Навгониҳо ::.
.:: Ҳисобкунак ::.
mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз241
mod_vvisit_counterДирӯз554
mod_vvisit_counterИн ҳафта3529
mod_vvisit_counterИн моҳ2309
mod_vvisit_counterҲама128771

 

  ©2009 All rights reserved by LG of Khujand. Designed by Centre ICT (Dushanbe) and CIT Kova (Khujand)

google