|
Хуҷанд. 14 июл. Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхорнаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори умум маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов аз хусуси натиҷаҳои ба дастоварда дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар нимсолаи якуми соли 2010 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт маърӯза кард.
Муовини аввали Раиси шаҳр Иброҳимҷон Иброҳимов дар бораи иҷрои тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар мавриди омодагии хоҷагии халқ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010 – 2011 ахборот дод.
Раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов аз масъулини соҳаҳо, роҳбарони корхонаҳо оид ба имкониятҳои рушди истеҳсолот ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ пурсиш ба амал овард.
Дар маҷлиси фаъолон муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов баромад кард. |