21 Сентябр 2017
Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси рӯзноманигор-омўзгор ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Солҳои тўлонӣ дар вазифаҳои гуногун кор фаъолият бурда, аз моҳи августи соли 2017 ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12 январи соли 2024 ба мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.