|

Хуҷанд. 6 июл. Ҳайати намояндагони шаҳри Хуҷанд бо сарварии муовини Раиси шаҳр Ҳабибҷон Қӯзиев аз дидорбинии сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии Роғун баргаштанд.
Ҳабибҷон Қӯзиев ба бинокорони ин нерӯгоҳи бузурги аср салому паёми Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқовро расонда, ба онҳо дар бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим аз номи хуҷандиён барору комёбиҳо хост ва ба қадри 9 тонна маводи хӯрока тақдим дошт.
Муовини Раиси шаҳри Роғун К. Мусоев ва ҷонишини раиси ҶСК «НБО Роғун» А. Аминов ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои таваҷҷӯҳашон изҳори миннатдорӣ карданд.
|