(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Дар асоси нақшаи чорабинӣ ва бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастаи Медиапортали «Тироз» бо ҳадафи инъикоси фаврии тантанаҳои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар идгоҳи асосӣ — Маҷмааи таърихии фарҳангии «Истиқлол» қарор дорад. Ин маҷмааъ чанде қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд ва тӯҳфаи хубу арзандае шуд барои сокинон ва меҳмонони шаҳр дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки имсол маротибаи дуюм аст, ки шаҳрвандон ва меҳмонони Хуҷанди бостону ҳамешаҷавон Рӯзи шаҳри Хуҷандро ҷашн мегиранд. Зеро, ҳанӯз 24-уми сентябри соли 2014 Маҷлиси вакилони халқи шаҳр нишони шаҳрро тасдиқ намуда, 25-уми сентябрро ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанд эълон намуда буд. alt

Идгоҳ ба назар хеле зебо ва назаррабо мерасад ва оҳиста-оҳиста сокинон ва меҳмонон барои тамошои барномаи музайяни фарҳангию фароғатӣ ҷамъ мешаванд.

Интизорӣ меравад, ки дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар ва бародаршаҳрҳои Хуҷанд иштирок намоянд.


Чанд нафар аз Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд, бахусус устодон Усмонҷон Ғаффоров, Баҳриддин Ахмедов, Шуҷоат Ҳасанова ва дигарон аз аввалинҳо шуда ба идгоҳ омаданд.

alt alt alt

alt alt alt

alt alt alt

alt alt alt

alt alt alt

Дар қабати аввали Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Истиқлол» намоиши дастовардҳои наҷиби корхонаҳои саноатию хӯрокворӣ ва аҳли маориф-устодону хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд ба тамошои меҳмонон гузошта шуданд. Мусаллам гардид, ки саноатчиён ва маорифчиёни Хуҷанд ҷашни бузургу таърихии кишвар — 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ва дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва меҳмонони ҷашнвора, бахусус намояндагони чанде аз бародаршаҳрҳои Хуҷанд аз намоиши дастовардҳои саноатчиён ва аҳли маорифи маркази вилоят дидан намуда, барои чунин комёбиву нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ баҳои баланд доданд.

alt alt alt

Сипас ба саҳнаи идона орододашуда Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва меҳмонон баромаданд. Чорабиниро Раиси шаҳр бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҷамъомадагон ва дар симои онҳо кулли мардуми шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд самимона табрик намуд.
Намояндаи консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон А.Б.Бекбасимов сокинон ва меҳмононро муборакбод гуфта, ҳамкории тарафайн ва робитаи ду давлат – Тоҷикистон ва Қазоқистонро ёдовар шуд.
Муовини Раиси шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурбек Қодиров табрикоти роҳбарият ва шаҳрвандони шаҳри Ошро ба ҷамъомадагон расонда, барояшон сиҳатмандии комил ва сарбаландӣ таманно намуд. Ӯ доир ба ҳамкории бародаршаҳрҳои Хуҷанд ва Ош ва дӯстиву рафоқати шаҳрвандони ин ду минтақаи бостон сухан кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким оид ба ободкориву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд дар солҳои соҳибистиқлолии Ватан сохта, ба истифода дода шудани ҳазорҳо иншооти иқтисодию иҷтимоӣ сухан карда, зикр намуд, ки воқеан Хуҷанд ба биҳишти рӯи замин мубаддал гардидааст. Дар фарҷоми сухан шеъри навэҷодкардаи хешро бо номи “Ватан” ба самъи ҳозирин расонд.

alt

Ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд 5 нафар шахсони арзандаву наҷиби маркази вилоят унвони “Шаҳрванди шаҳри Хуҷанд-ро соҳиб гардиданд.

alt

Ҳамзамон, бо ҳадафи дастгирии бонувони ҳунарманд 15 нафар занони меҳнатдӯсту заҳматнописанд дар намуди ҳунарҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кешбофӣ соҳиби грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 50 ҳазор сомонӣ шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо грантҳои Раиси шаҳр супорида шуданд.

alt

Дар қисми дуюм-қисми фарҳангии чорабинӣ нахуст барномаи театрикунонидшуда, ки ифодагари таърихи беш аз 2500 солаи Хуҷанд, бузургони давру замон, адибону олимон ва намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ буд, пешниҳоди тамошобинон гардид.

alt alt alt

Суруду таронаҳои аҳли санъат, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, ободиву шукуфоӣ, оромиву осоиштагии Ватан, бахусус шаҳри Хуҷанди бостону офтобрӯя буданд, тақдими тамошобинон гардонида шуданд. Ба ҷамъомадагон аз ҷумла, суруди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Каромат Ҳоҷиева бо номи “Хуҷандам” хеле писанд омад, ки онҳо бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.
Рақсҳои зебову мавзуне, ки баромади сарояндагонро боз ҳам назаррабо мекарданд, мақбули ҳозирин шуданд.

alt alt

Сарояндагони сурудҳои эстрадӣ Дилноза Каримова, Шерози Камол, дуэти Озода Аҳадова ва Олимҷон Воҳидов, Дамирбек Олимов, дуэти Гуласал Пӯлодова ва Аъзам Болтубоев, Шарифҷон Абдуллоев, Мадинаи Моҳрӯ, Олимҷон Маҳмудов бо суруду таронаҳои рӯҳнавозу дилнишин табъи бинандагонро болида намуданд.

alt

Дар фарҷоми барнома Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов бори дигар бо санъати волову нотакрор ва бо пораҳо аз сурудҳои бо забонҳои мухталифи халқу миллатҳои ҷаҳон, бахусус, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, ҷопонӣ, итолиёвӣ ва ғайра қалби ҷамъомадагонро тасхир карда, дар ниҳоят онҳоро бо суруди тоҷикӣ мафтун намуд.

alt alt alt

Ансамблҳои рақсии “Гулноз”, “Парниён”, “Таманно”, “Садбарг” ба барномаи консертӣ шукӯҳу ҷилои тоза бахшиданд.

alt alt alt

Ҳамин тавр, таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки наздик 15 ҳазор нафар тамошобинон дар назди Маҷмааи навбунёди таърихии фарҳангии “Истиқлол” дар сатҳи хуби ташкилӣ ва бошукӯҳу хотирмон сурат гирифт.

alt



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...