26 Август 2016
Мусобикаи навбатии бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шашкаи руси байни писарон ва духтарон дар Муассисаи давлатии "Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №2" шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 30 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуданд.
Байни писарон ҷойи якум ва мақоми бозингари беҳтарини шашкаи русиро байни ҳамсалони худ Олимҷон Раҷабов соҳиб гашта, ҷои дуюмро Насимзода Парвиз ва ҷойи сеюмро Масаидов Фирдавс ба даст оварданд.
Байни духтарон ҷои якумро Заррина Набиева ишғол намуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро Меҳрангез Ҳасанова ва Умеда Боқиева ишгол намуданд. Ғолибони мусобиқа бо Диплом ва тухфахои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.