22 Август 2016
Ҳамчунин бо кӯмаки муаллимони худ муҳассилини синфҳои 9, 10 саҳифаҳои таърихномаи кишварро дар намоишномаи адабии худ пешкаши ҳозирон гардонанданд, ки сазовори таҳсини ширкаткунандагони ин чорабинии идона гардид. Дар ниҳояти чорабинӣ директори гимназияи № 4, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали “Хизмати шоиста” Зулфия Ашӯрова ба сухан баромада, ба омӯзгори фанни забон ва адабиёди тоҷик Муҳибахон Раҳматова, омӯзгорони фанни таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ Зебохон Атаева, Фаридун Мӯсинзода, омӯзгорони фанни суруд ва технология Роҳатҷон Умарова ва Мадинаи Маъруфӣ барои ташаббус ва роҳбарии бевоситаи онҳо барои омода намудани чунин як барномаи идонаи пурмазмун ҳамчунрн иштироки фаъолнаи хонандагон арзи сипос намуд.
Лозим ба қайд аст, ки ҳамчунин дар интиҳои чорабинии мазкур аз ҷониби маъмурияти гимназия ба чор нафар хонандагони гимназия либоси мактабӣ тӯҳфа карда шуд.