(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Хуҷанд шаҳри беҳтарини вилояти СуғдДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.
Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.
Дар кори иҷлосия аз 69 нафар вакилон 65 нафар иштирок намуданд. Аз тарафи вакилони иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сароғоз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ сухан ронда, аз ҳадаф ва мақсади Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» ҳарф зад.
Муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба рафти иҷрои мутазаккираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маърўза намуда, зикр дошт, ки ҷиҳати амалӣ гаштани Амри мазкур қарори дахлдори Раиси вилоят аз 31 марти соли равон ба тасвиб расида, тибқи он комиссияи вилоятӣ таъсис ва ба ғолибони озмун 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.
Дар иҷлосия Бадриддин Шарофов – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Чоркўҳ», №10, Матлубахон Сатториён – вакил аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, №15, Неъматулло Раҳматуллозода – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Зарафшон, №40, Комил Салимзода – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Иттифоқ», №57, Зариф Назирӣ – вакил аз ҳавзаи интихоботии Fозиён, №68 ба музокира баромада, доир ба таъмини иҷрои Амри зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.
Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври вилоятии озмуни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ Диплом ва мукофотҳои пулиро тақдим кард.
Аз ҷумла, дар бахши оилаи беҳтарин оилаи Нўъмонҷон Файзуллоев аз шаҳри Хуҷанд, сазовори ҷойи дуюм, Диплом ва 1200 сомонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд чун шаҳри беҳтарин ғлиби озмун гардида соҳиби Диплом ва бо 7500 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таъкид дошт, ки амалӣ намудани Амри мазкур ва гузаронидани озмун ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, алалхусус маорифу тандурустӣ ва вусъати корҳои ободиву созандагӣ мусоидат намуд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фарҷом бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагиву ободкорӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ ва коркарди босифати пахта, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, сифати корҳои таъмир дар мактабҳо, иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои вилоят ва ғайраҳо ба масъулин, аз ҷумла ба раисони шаҳру навоҳии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...