(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ганҷи сухан бахшида ба Рӯзи ВаҳдатДирӯз нишасти 140-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хучанд ба номи академик Б,Ғафуров бо ширкати 200 нафар ихлосмандони каломи бадеъ баргузор гардид. Масъули маҳфил номзади илмҳои суханшиносӣ дотсент Саидумрон Саидов дар ибтидо ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ Рӯзи Ваҳдат муборакбод  намуд ва бо барномаи навбатии маҳффил ҳозиринро ошно кард. Сараввал Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дар мавзӯи “Ваҳдат ва пойдории миллат” аз хидматҳои беназири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон сухан намуд. Махсусан оид ба арзиши илмиву таърихии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” дар маърӯзаи пурмӯҳтавои худ Сарфароз Юнусов зикр кард, ки Пешвои миллат масъалаи  таърихнигорӣ ва аҳамияти таҳқиқи таърихро аз масъалаҳои муҳим шуморида, донистани таърихи гузаштаи  чи дуру чи наздикро дар камолоти шахсият ва ташаккули ҷомеа дорои аҳамияти аввалиндараҷа медонанд. Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз ориён то Сомониён” агар аз як ҷониб ифодагари меҳру аҷргузорӣ ба гузаштагони сарбаланди мо бошад, аз ҷониби дигар баёнгари дониши баланд ва истеъдоди фавқулоддаи пажӯҳишгарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Сипас доир ба навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ номзади илмҳои филология, дотсенти ДДҲБСТ Исломҷон Раҳимов баромад карда , ҳозиринро бо тозатарин китобҳои интишоршуда ошнокард.
“Донишномаи Рӯдакӣ“ ва присипҳои таълифи донишномаҳо. Чунин унвон дошт маърӯзаи узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Мирзо Муллоаҳмад.Ин олими номвар оид ба натиҷаи корҳо дар мавриди таҳияи “Донишномаи Рӯдакӣ”маълумот дода, пешниҳод намуд бахшида бо 700 солагии Камоли Хуҷандӣ “Донишнома (энсиклопедия) - и Камоли Хуҷандӣ тартиб дода шавад. Ӯ изҳори боварӣ кард,ки нерӯи зеҳнӣ ва потенсиали илмии олимони вилоят барои дар сатҳи баланди илмӣ таҳия ёфтани ин китоб мерасад.. Дар ситоиши Ваҳдати Миллӣ  адибони ваҳдатсаро Гулноз ва Адиба шеърҳои тозаэҷодашонро қироат намуданд ва аз номи аҳли адаб ҳозиринро бо иди Ваҳдат табрик намуданд.
Номзади илмҳои филология, дотсент, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Муртазо Зайниддинов дар мавзӯи“ Нигоҳе ба равобити адабиёти халқҳои тоҷику тотор” оид ба таърихи дуру дарози робитаи ин ду миллат маърӯза намуд.Ӯ қайд кард, ки дар адабиёти тотор махсусан осори шайх Саъдӣ мақоми хоса дорад.
Дар бахши  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  номзади илмҳои таърих , дотсент Исомаддинов Ҷӯрабек дар мавзӯи“ Нақшу нигори миллӣ дар қолинҳои  Қайроқум баромад карда оид ба таърихи ин ҳунари миллӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод кард..Аз ҷумла ӯ зикр кард, ки нақшу нигори миллии тоҷикон аксаран дар шакли рамзҳо ифода мегарданд. Рамзҳо аз оғози ҷаҳонфаҳмии одамон пайдо шудаанд ва инъкосгари таърихи инсоният ба шумор мераванд. Омӯзиши рамзҳои парастишӣ имконият медиҳад, ки дар бораи ташаккул ва рушди олами маънавии ҷамъияти инсонӣ маълумот дошта бошем. Дар санъати амалии тоҷикон нақшу нигор ҳамчун қисми ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти миллӣ мавқеъи муҳим дорад.
Маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ҳар дафъа дар нишастҳояш истеъдодҳои навро муаррифӣ мекунад. Навиди шодибахш ин даъфа ба назм рӯй овардани номзади илмҳои филология устод Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода буд, ки бо қироати шеърҳои навашон ҳозиринро хурсанд намуданд ва аз сарояндаи ҷавон Самеъҷон Миршарифов дар мати ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода сурудҳои дилнишин садо дод. Дар поёни маҳфил ба маърӯзакунандагон ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ китоби пуразиши Давлатшоҳи Самарқандӣ “Тазкиратушшуаро” супорида шуд.

Заррина Каримова магистранти
ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров

Неъмати Оташ

Ваҳдати дилҳо

Биё, ки то ба абадмеҳрубони ҳам бошем,
Ба сад фараҳ ба ҳам оему ҷони ҳам бошем.
Биё, ки нури муҳаббат ба рӯи ҳам пошем,
Чароғи отифаи ошёни ҳам бошем.
Дар ин фазои саодат, ки пур зи меҳр бувад,
Шукӯҳи ҷилваи рангинкамони ҳам бошем.
Биё ба Балху Бухоро дигар ҷудо нашавем,
Чу ориёнӣ фари ориёни ҳам бошем.
Ҳазор гул ба гулистон шукӯҳ мебахшад,
Биё, ки атри гули гулситони ҳам бошем.
Биё, ки ҳурмати ин халқро ба ҷо орем,
Барои хидмати ӯ ҷонфишони ҳам бошем.
Биё зи ваҳдати дилҳост ин ҷаҳон обод,
Расули сулҳу сафо дар ҷаҳони ҳам бошем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...