(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шарифзода Шариф Файз номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳрКонференсияи 16-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҳизб ва беш аз 130 нафар вакилон доир гардид. Дар кори конференсия ҳамчунин муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Бурҳонзонда ва намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси ташкилоти ҷамиятии «Созандагони Ватан» Сангинов Абдунабӣ иштирок доштанд.
Пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот, рӯзномаи кори конфронс, комисияи мандатӣ, раиси кумиҷроия Наим Маликисломов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки ба муҳокимаи конференсияи 16-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд масъалаҳои интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд, «Дониш» №19 пешниҳод карда мешавад. Номбурда гуфт, ки ҳайати аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 43 нафар иборат мебошад. Бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва ба маҷлисҳои кумиҷроия ширкат накардани баъзе аз аъзоёни кумиҷроия як чанд нафар аъзоёни кумиҷроия аз аъзогӣ хориҷ карда мешаванд ва ба ҷои онҳо аъзоёни нав интихоб карда мешаванд.
Бо ҷонибдории аксарияти вакилон ҳайати нави аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда шуданд.
Дар идомаи конференсия вакилон ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷандро аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19» номзадии иҷрокунандаи Раиси шаҳри Хуҷанд, аъзои ҲХДТ Шарифзода Шариф Файзро пешбарӣ намуданд. Тарҷумаи ҳоли Шарифзода Шариф Файз пешкаши ҳозирин карда шуд. Бо овоздиҳии аксарият Шарифзода Шариф Файз номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии Дониш №19» пешбарӣ гардид.
Умеда Бурҳонзода зимни баромадаш таъкид дошт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи калонтарин ташкилоти ҳизбӣ на танҳо дар миқёси вилоят, балки дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар пиёда кардани талаботҳои оинномавию барномавии ҳизб мавқеи пешсафиро ишғол менамояд. Дар ташкилоти ҳизбии шаҳрӣ 13800 нафар аъзо дар 171 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ омадаанд, ки ин бешубҳа қувваи бузург аст.
Хосса, таъсири ҳизбиён дар баргузории интихоботи соли рафта равшан эҳсос гардида, мардум ба шарофати идеяҳои созандаи ҳизб бо амри дил ба сафи ҳизб шомил мешаванд.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд аъзоёни ҳизб таблиғгари фаъоли ҷомеа буда, дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ нақши калон доранд. Бо ташкили шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонон мавқеи ҳизбро дар байни ин қишрҳои ҷомеа мустаҳкамтар намуданд. Гузашта аз ин, шӯрои собиқадорон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд ва минбаъд аз рӯи маслиҳату роҳнамоии пирони кор ва соҳибхирадон фаъолияти ҳизб пеш меравад.
Мо аз иқдомҳои пайвастаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бобати пешгирии амалҳои ифротгароиву террористӣ, даъват ба зиндагии ростин, соли фарди солим, оила истиқбол менамоем, балки ин ташаббусро минбаъд дастгирӣ хоҳем кард.
Ба ҳамаи масалаҳои кори рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...