06 Апрел 2016
Барои иштирок дар ин чорабинӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони 11 мактабҳои олии Федератсияи Русия аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи федералии Шарқи дур, Донишгоҳи давлатии авиатехникии Уфа, Донишгоҳи давлатии федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск, Донишгоҳи давлатии аграрии Дон, Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишкадаи технологии саноати хуроквории Кемерово, Донишгоҳи давлатии архитектура ва сохтмони Санкт-Петербург ба вилоят омаданд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки дар вилоят барои ташкили ярмарка-намоиш шароитҳои зарурӣ муҳайё карда хоҳанд шуд. Дар давоми якчанд рӯз намояндагони мактабҳои олии Федератсияи Русия бо хатмкунандагон вохӯрда, таълимгоҳҳои худро муаррифӣ менамоянд. Баъд бо иштироки хатмкунандагон олимпиадаҳо гузаронида, беҳтарини онҳо барои таҳсил ба донишгоҳ даъват мешаванд.