(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Омодагӣ ба мавсим нав: Боздид аз корхонаҳои коркардМавсими кор дар корхонаҳои коркарди маваю сабзавот оғоз гардид. Ба ин хотир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо ҳадафи ошноӣ аз рафти омодагии корхонаҳо ба мавсими имсола аз чанд корхона дидан кард.

Нахуст Раиси шаҳр ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Лаъл», ки ба истеҳсоли зарфҳои шишагин муваззаф гардидааст, омада, бо роҳбарият ва кормандони он сӯҳбат гузаронд ва аз сехҳои корхона дидан намуд.

Маълум гардид, ки феълан дар ду сехи коргоҳ 217 нафар дар се баст фаъолият карда, шабонарӯзӣ 29-30 ҳазор дона банкаҳои дулитра истеҳсол менамоянд. Директори генералии ҶСК «Лаъл» Мирзоҳалим Мирзокаримов зимни пурсиши Раиси шаҳр гуфт, ки мавсими имсола аз 10-уми май оғоз гардида, барои ҷалби кормандон ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Омодагӣ ба мавсим нав: Боздид аз корхонаҳои коркардТо санаи 1 июни соли равон теъдоди коргарон то ба 300 нафар ва музди миёнаи меҳнат аз 600 сомонӣ то ба 800 сомонӣ расонида мешавад.

Коргоҳ дархостро барои истеҳсоли зарфҳои шишагини дулитра аз Корпоратсияи хӯроквории вилоят ва корхонаи «Айдинов»-и шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон қабул кардааст. Барои ин маҳсулоти хомро аз ноҳияҳои  Ҷ.Расулов, Шаҳристон, шаҳраки Консой (80 фоиз маҳсулоти ватанӣ) ва давлатҳои Русияю Хитой дастрас менамояд.

Омодагӣ ба мавсим нав: Боздид аз корхонаҳои коркардСоли гузашта ҶСК «Лаъл» ҳаҷми истеҳсолотро ба 19 миллиону 635 ҳазор қуттии шартӣ ё ба маблағи 5 миллиону 942 сомонӣ расонида буд. Ҳол он ки корхона дар як сол иқтидори истеҳсоли 100 миллион қуттии шартиро дорад. Феълан дар анбори корхона ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёр-зарфҳои шишагини 1-2 литра мавҷуданд, ки интизори харидор мебошад.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аз Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати консервбароии шаҳри Хуҷанд» боздид ба амал овард. Директори генералии коргоҳ Омодагӣ ба мавсим нав: Боздид аз корхонаҳои коркардАбдурабӣ Сангинов зикр намуд, ки шурӯъ аз 25-уми май мавсими имсола оғоз меёбад. Дар асоси шартномаҳои баимзорасида байни коргоҳ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилоят дар мавсим бояд 500 тонна зардолу ва 1500 тонна ангур қабул ва коркард шуда, мувофиқи нақша истеҳсоли маҳсулот то ба 3 миллион қуттии шартӣ расонида хоҳад шуд.

Коргоҳ дар мавсими имсола боз 60 ҷойи нави кориро барои ашхоси бешуғл муҳайё кардааст. Алҳол маоши кормандон ба ҳисоби миёна баробари 428 сомонӣ мебошад. Масъалаи ҳалталаб дар ин коргоҳ низ ба фурӯш нарафтани маҳсулот аст. Дар анбор ба маблағи як миллион сомонӣ хамираи помидор, консентрати афшура ва  шарбати мева нигоҳ дошта мешаванд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба Корхонаи муштараки «Хуҷанд-Пакижинг» омада, бо фаъолияти он шинос шуд. Директори генералии корхона  Мунирхон Маъсумов иттилоъ дод, ки алҳол ба истеҳсоли шарбати мева машғул буда, хатти нави технологӣ барои истеҳсоли шарбати мева насб гардидааст. Коргоҳ метавонад дар як шабонарӯз 5,5 - 6 ҳазор банка шарбат истеҳсол намояд. Феълан 48 нафар машғули кор буда, маоши хуб мегиранд. Маҳсулоти коргоҳ бештар ба давлатҳои Қазоқистон ва

Омодагӣ ба мавсим нав: Боздид аз корхонаҳои коркард

Русия содир карда мешавад.

Барои беҳтар намудани фаъолият коргоҳ бо хоҷагиҳои деҳқонии вилоят, бахусус ноҳияи Бобоҷон Fафуров шартнома ба имзо расонида, тибқи он бояд 600 тонна меваро қабул ва коркард намояд. Роҳбарияти КМ «Хуҷанд-Пакижинг» аз суст будани фурӯши маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар нигаронӣ намуд. Ин аст, ки алҳол дар анбор ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ шарбати тайёр ва ба маблағи 160 ҳазор доллари амрикоӣ хамираҳои меваҳои зардолу, шафтолу ва себ мавҷуданд.

Хотиррасон мекунем, ки корхона аз соли 1998 инҷониб фаъолият карда, бо маҳсулоти истеҳсолкардааш аз рӯи тамғаи «Зулол» дар Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардааст.

Омодагӣ ба мавсим нав: Боздид аз корхонаҳои коркардБарои саривақт ва муташаккилона ба фурӯш рафтани маҳсулоти тайёри ҶС «Комбинати консервбароии шаҳри Хуҷанд» ва КМ «Хуҷанд-Пакижинг» роҳбарияти шаҳр ва корхонаҳо ба хулосае омаданд, ки рӯзи шанбе барои шаҳрвандон ярмарка-фурӯши маҳсулотро гузаронанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримовро ҳангоми боздид аз ин корхонаҳо муовини Раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов, роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр Биволида Самадова ва мудири шӯъбаи энергетика ва саноати МИҲД-и шаҳр Абдураҳим Солиев ҳамроҳӣ намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...