22 Январ 2016
Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, доири фаъолияти ташкилоту муассисаҳои марбути бахш дар соли 2015 маълумоти муфассал дод. Баъдан Сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №2»-и шаҳри Хуҷанд Маҳкамҷон Махкамов Сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии бачагон ва наврасон оид ба намудҳои бокс» Баҳром Усмонов, мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Абдувалӣ Акбарзода ба музокира баромада бобати бурду бохти соҳа сухан гуфтанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис доир ба ҷамъбасти фаъолияти комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба Мадинахон Салимова маърӯза намуд.
Баъди шунидани ҳисобот Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев, мудири Бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаббат Ҳомидова ва ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Лайло Мадазимова доири масъалаҳои ҷаласа изҳори назар намуданд.
Дар интиҳои маҷлиси ҷамбастии соҳаҳои номбурда муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Муродӣ дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро доири таҳкими корҳои маърифатию ватандустӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободкорию созандагӣ ва пешгирӣ намудани омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳхои ифротӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар оила ва ба хусус дар оилаҳои ноустувор ба самъи ҳозирон расонд.