18 Январ 2016
Давоми рӯзи қабули сокинон ба Раҷаббой Аҳмадзода барои расондани кӯмаки масолеҳи сохтмон 7 нафар, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 6 нафар, расондани кӯмаки моддӣ 3 нафар, барои таъмини ҷойи корӣ 2 нафар, мусоидат барои пардохти маблағи хизматрасонии коммуналӣ 3 нафар муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои баррасии саривақтии дархосту мушкилоти сокинони муроҷиатнамуда ба мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид, ки ҳар як сокини муроҷиатнамуда бояд шахсан аз чораҳои андешидашудаи масъулини соҳаи дахлдор огоҳ гардида, ҷавоби қаноатбахш гирад.