(3 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз дар ҳамраъйии тамоми мардуми шарифи кишвар Қонун дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллатро қабул кард. Ин падидаи барои миллати тоҷик фараҳбахшро тамоми қишри ҷомеа бо хурсандию шодмонӣ пазируфт. Сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд низ аз ин башорати неку пайғоми мунаввар шоду мамнун гардиданд.
Дар бораи паҳлуҳои  гуногуни ҳаёт ва фаъолияти инсони имрӯз дар ҳақиқат барои тамоми халқу миллати тоҷик азиз, сиёсатмадори даврони навини таърихи тоҷикон, роҳбари давлати соҳибистиқлол, Президенти мамлакат ва инсони муосири аз ҷониби сиёсатмадорони баргузидаи ҷаҳон эътирофгардида, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақолае навиштан, кори хеле душвор ва пурмасъулият бошад ҳам, вале боиси ифтихору фараҳмандӣ маҳсуб мешавад. Бо масъулияти том ҳамчун як нафар шаҳрванд андеша меронам, ки дар замони сарвари давлат будани ин инсони бошавкату шукӯҳманд, адолатпарвару миллатдӯст, меъмори қасри тафаккури миллату давлатсозии  навин, раъиятпарвару дӯстдори мардуми оддии меҳнатӣ, тӯдакаши бемислу ташкилотчии беҳамто, вусъатбахши созандагии ҷомеаи муташаккили имрӯзин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меҳрномае аз номи мардуми шаҳри бостонию ҳамешаҷавони Хуҷанд чун башорати хушрӯзиҳо расонам, то бузургӣва шаҳомати  он кас, ҳастии ормонпарвар ва заковату андешаи инсони зубдаи даврон равшантару барҷастатар инъикос гардад.
Боиси тазаккур аст, ки халқи душвориҳои солҳои навадумро аз сар гузаронда ҳанӯз фаромӯш накардааст, ки аввалин иқдомоти роҳбари мамлакат баъди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин барои беҳдошти зиндагӣ ва бузургдошти ҳазораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсию 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ҳамчунин 1100-солагии Давлати Сомониён оғоз ёфта, сипас бо таҷлили 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон раво-раво вусъати ҷаҳонӣ гирифтанд. Дар анҷумани байналхалқӣ бахшида ба бузургдошти саромади мазҳаби мо Ҳазрати Имоми Аъзам ин нуқтаро Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан таъкид намуданд: «Баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ равобити халқи тоҷик бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мамолики гуногуни олам маҷрои куллан тоза пайдо карда, андешаи миллии тоҷикон дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир ёфт».
Вазъи кунунии ҷаҳонро таҳлил намуда, бештарин мутахассисони соҳаи фарҳангу маърифат дар чунин андеша ҳастанд, ки ба таърих ва тамаддуни гузаштаи халқу миллати худ мароқ доштани Пешвои миллат бе сабаб нест. Эълон гардидани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва чорабиниҳои ба он вобаста, иншо гардидани китобҳои басо пурмӯҳтавои «Аз ориён то сомониён» шавқу рағбати эшонро на танҳо ба тамаддуни тоҷикону ниёгони шӯҳратёри мо, балки таваҷҷӯҳ ба тамаддуни халқу миллатҳои қадим аз андешаи фароху диди бовусъати он кас шаҳодат медиҳад, то дар замони муосир яке аз поягузорони гуфтугӯи тамаддунҳои Шарқу Fарб бошанд. «Дар ин росто, гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик заминаи мусоид мегардад. Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст»,– дар ин бобат фикри худро ҷамъбаст кардаанд Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Қариб тамоми мардум огоҳ аст, ки дар оилаи инсонҳои оддию хоксори деҳотӣ ба дунё омадани ин фарзанди барӯманди тоҷик ва дар ҳамин гуна парниёни андешаи миллӣ ва арзишҳои зиндагисоз тарбият ёфтани шахсияти нодир ба табиат ва хислатҳои ҳамидаион кас бетаъсир намондааст. Аксари инсонҳотавсиф мекунанд, ки дар вуҷуди Пешвои миллат хислатҳои ҷавонмардию футувват, ҳиммату дасткушодӣ, бахшандагию меҳрубонӣва наҷобату шавкат, ғуруру шукӯҳмандӣ, сарбаландию виқор, ки махсуси асилзодагон аст, таҷассум ёфтаанд ва ин ҳама ифшогари табиати сарвари халқ будан ва эҳсоси масъулияти бузургвории миллати тоҷик будааст.
Сиёсатмадорони бузурги олам бо итминон зикр мекунанд, ки бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли Оби тоза эълон гардиданаш дар тамоми ҷаҳон ғулғула андохтааст. Ин кор бори аввал дар таърихи собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар сатҳи байналхалқӣ ба вуҷуд омад ва он шавкатидавлати ҷавони Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дуболо кард. Баробари ин иқдоми мазкур аз заковати ҷаҳоншиносии Президент ва ба муаммоҳои глобалии сайёра бетараф набудани Сарвари давлати тоҷикон, огоҳ намудани Пешвои миллати тоҷикон ҷаҳониёнро аз муаммоҳои дар назди миллиардҳо сокини сайёраи Замин пешистода шаҳодат медиҳад.
Чанд рӯз муқаддам дар Пориж баргузор гардидандани Конфаронси байналмилалӣ оид ба тағъирёбии иқлими сайёра ва дар он бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад кардани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нишони эътирофи ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон аст.
Акнун бештарин сиёсатмадорони олам ба чунин хулосаи амиқ омаданд, ки дар ҳазорсолаи сеюм «Ватандорӣ – ин ҷаҳондорӣ!» будааст, яъне мо акнун на танҳо ғами як марзу бум ва як қавму халқ, балки ғами тамоми минтақа ва ҳатто кулли инсониятро бояд бихӯрем.Ҳамин тавр дар назар аст, ки аз ҳудуди давлати исломии Афғонистон нерӯҳои ба ном  мусолиҳакор бароварда мешаванд. Пас Пешвои мо ва сарвари қавииродаи тоҷикони олам ба ҳимояи ҳаммиллатони бурунмарзӣниз кафмл ҳастанд.
Чун оина равшан мебошад, ки аз солҳои аввали соҳибихтиёрӣ бо тақозои замон ва кӯшишҳои Сарвари давлат Ҳукумати Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикии кишварро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор дода буд. Дар ин самт масъалаҳои таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва сохтмони иқтидорҳои нави хурду бузурги истеҳсоли нерӯи барқ пайваста мавриди чораҷӯии ҳукумат қарор гирифтанд, ки ба амали ҳамарӯзаи Президенти мамлакат вобаста буданд. Раҳоӣ аз вобастагии энергетикӣ ва ба вуҷуд овардани ҳалқаи ягонаи барқии кишвар, фароҳам овардани заминаҳои техникӣ барои расидан ба истиқлолияти томи энергетикӣ ба кори харрӯзаи Сарвари давлат табдил ёфта буд.
Имрӯз мардуми оддӣ ғамхории шахсияти пайбарандаи мушкилиҳои одамонро на дар сухан, балки дар амал эҳсос кардааст. Ба кор даровардани хатти баландшиддати «Ҷануб–Шимол» ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошт. Бо дастури мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сари вақт ва тезтар ба анҷом расондани корҳо дар пойгоҳи бузурги «Хуҷанд-500», ки дили хатти интиқоли барқи «Ҷануб–Шимол» буд, кӯшишу ғайрати бунёдгарони чинию тоҷик дучанд афзуд ва рӯзҳои мубораки бо ин хат интиқол ёфтани барқ низ фаро расида, барои ҳар хонадони хуҷандиён низ шодию сурур овард.
Афсона буд барои мардуми ноҳияҳои куҳистон бозсозии роҳҳо. Вале азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак, кушодани нақбҳои азими «Истиқлол» ва «Шаҳристон» аз ҷумлаи корҳои муҳташами бунёдкориву созандагӣ дар Ватани соҳибистиқлоламон мебошанд. Ин падидаҳо барои мамолики ҳамсояи ба мо дӯст низ воқеаи фараҳбахш гардиданд, зеро тавассути ин шоҳроҳ бо давлатҳои Афғонистону Эрон, Қирғизистону Қазоқистон, Хитою Ҳинд, Покистону кишварҳои дигар мустақиман равуо оғоз гардид.
Сокинони Хуҷандшаҳр аллакай хуб пай бурдаанд, ки дар зарфи ҳафт-ҳашт соли охир бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комплекси варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият», Қасри варзиш, маҷмааи Исмоили Сомонӣ ва ҳавзи шиноварӣ, Наврӯзгоҳ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Кохи матбуот, биноҳои дуюми ДДХ, ба номи академик Б.Fафуров ва ДДҲБСТ, Кӯдакистони Президентӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар қаламрави кишвар бошад,ҳазорҳо мактабҳо, беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо аз баракати дасту дили кушоди он кас шаҳодат медиҳанд.
Воқеан ба заҳматписандии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қоил нашудан мумкин нест. Ба ташаббусҳо, сафарҳои хориҷиву дохили мамлакат, мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ назар мекунему дар худ равшан тасаввур карда наметавонем, ки ин миқдор кор ва ин қадар амалу фаъолияти рӯзафзунро чӣ гуна таҳаммул менамояд як инсони заминӣ, ки дар ҳақиқати ҳол Ҷаноби Олӣ ҳамин гуна инсон ҳастанд.
Халқ борҳо гувоҳ шудааст ва даҳҳо маротиба собит шудааст, ки Пешвои миллат баробари мардумшиноси закӣ будан равоншиноси мумтоз низ мебошанд. Он кас дар як они воҳид психологияи ҳазорон нафар мардумро, ки ба мулоқот ва ё вохӯрии навбатӣ ҷамъ омадаанд, дарк менамоянд ва мувофиқи табъи дили онҳо сӯҳбатро ороиш медиҳанд, ки чунин истеъдоди фитрии равониро на ҳар инсон доро шуда метавонад. Ё ин ки бо як нигоҳ ҳастии мусоҳибро мешиносанд ва мутобиқи диди хеш ва зарурату талаботи идориву давлатӣ посухаш медиҳанд.
Дар бораи сифатҳои шахсии Пешвои миллат ва Сарвари давлат сухан рондан ва тасниф кардан басо душвор аст, аз ин рӯ бо ҳамин иктифо карда, танҳо ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки маҳбубтарин инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо–дӯстдори хурду калон, пиру барно, солдидаю наврас, мардуми бурунмарзию бумӣ воқеан як нафари арзандаю шоиста, хуршедсимою бовиқор ва сарбаланду ҷавонмард, хирадпешаю дурандеш – Пешвои миллатамон ва тамоми тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва инро миллионҳо нафар одамони касбу кори гуногун бо шодмонӣ тасдиқ менамоянд.
Ба шарафи 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин одамон бо рӯҳи баланд дар тамоми ҷабҳаҳо кору фаъолият доранду аз руҳияи фараҳфизои диёрамонро фарогирифта, болидахотирии ҷомеа ва тантанаи демократия  бо шукргузорӣ аз вазъи орому осудаи Тоҷикистон хотирҷамъанд, ки дар марҳилаи нави давлатсозӣ низ сарвари дилхостаи халқ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба як кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил додани Ватани азизамон дучанд хидмат хоҳанд кард.
Халқ ба Пешвои худ боварӣ дорад ва рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ин шаҳри бостонию ҳамешаҷавон ба номи бузургмарди арсаи сиёсати ҷаҳонӣ сахт марбут мебошад, зеро ҳар сафари кории Сардори давлат ба марҳилаи нави тараққиёт ва инкишофи Хуҷанд оғоз мебахшад. Аз ин лиҳоз симои маънавию ҳастии бузургворонаи Президенти мамлакат шаҳомату шукӯҳи хосаи мақоми Пешвоибаргузидаи миллат будаву минбаъд низ хоҳад буд. Бо чунин таманно ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи хуҷандиён саломатии бардавом, саодатмандии беназир ва ба бахти халқ сарбаландиву парвозҳои борафъати ҷаҳонӣ орзу менамоям. Бигузор то ҷаҳон боқист, Пешвои тоҷикон бо ҳастии мунири хеш раҳбару раҳнамо ва сарвару сарпарасти ҳамагон бимонанд.

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                        Раҷаббой Аҳмадзода

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...