(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд тозатарин шаҳри Тоҷикистон.Расонаи иттилоотии «Ховар» барои муайян кардани шаҳри тозатарин, зеботарин ва муосири Тоҷикистон дар соли 2015 миёни хонандагони сомона аз 24-уми ноябр то 7-уми декабри соли равон назарпурсӣ баргузор кард. Ҳадафи назарпурсӣ тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ, мусоидат ба муомила, муносибат, муошират ва сатҳи хизматрасонии баланд дар миёни сокинони шаҳрҳои мамлакат  буд. Дар раъйпурсӣ 7 шаҳри калонтарини мамлакат бо шумули пойтахти кишвар Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Норак ва Турсунзода номнавис шуда буданд. Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Хоруғ ҳамчун марказҳои маъмурии вилоятҳои ҷумҳурӣ, Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ) дар рӯйхати назарпурсӣ пешниҳод шуда буданд. Шаҳрҳои Норак ва Турсунзода қариб, ки ҳамсол ва ҳамтақдир ҳастанд. Дар ҳар ду шаҳр ҳам саноат ва ҳам бахши кишоварзӣ замина ва имкониятҳои хуб доранд: дар шаҳри Норак неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дар шаҳри Турсунзода алюминийи босифату арзишманд истеҳсол мешавад, шаҳри Норак бо анорҳои ширин ва шаҳри Турсунзода бо ангурҳои шаҳдбораш машҳур шуда, меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб месозанд. Хонандагонро мебоист холисона муайян кунанд, ки кадоме аз ин шаҳрҳо дар давоми соли равон тозатару озодатар гашта, корҳои ободониву сохтмонӣ, роҳсозӣ ва муосиршавии инфрасохторӣ дар онҳо бештару беҳтар тақвият ёфтаанд.
То соати 7-и субҳи имрӯз дар назарпурсӣ 334 нафар иштирок карданд, ки аз ин шумора 40 фоиз шаҳри Хуҷанд, 30 фоиз шаҳри Душанбе, 12 фоиз шаҳри Кӯлоб, 5 фоиз шаҳри Хоруғ, 5 фоиз шаҳри Норак, 4 фоиз шаҳри Қурғонтеппа ва 4 фоиз шаҳри Турсунзодаро зеботарину покизатарин шаҳри Тоҷикистон дар соли 2015 донистаанд. Дар назарпурсии бахши русии сомонаи «Ховар» то соати 7-и субҳи 7-уми декабр 180 нафар иштирок кардаанд. 42 фоизи иштирокдорон ба шаҳри Хуҷанд, 29 фоиз ба шаҳри Душанбе, 10 фоиз ба шаҳри Кӯлоб, 6 фоиз ба шаҳри Норак, 5 фоиз ба шаҳри Турсунзода, 4 фоиз ба шаҳри Қурғонтеппа ва 4 фоиз ба шаҳри Хоруғ овоз додаанд.
Мавриди зикр аст, ки натиҷаи назарпурсӣ шартӣ буда, расмӣ нест ва танҳо назари хонандагону фаъолони ҷомеаро ифода мекунад. Дар баробари ин бояд гуфт, ки имкониятҳои молиявию иқтисодӣ, шароити иҷтимоиву вазъи зиндагонии шаҳрҳои дар раъйпурсӣ номнависшуда аз ҳамдигар фарқ доранд, урфу одат, таомул, касбу ҳунар, рӯзгори сокинони ин шаҳрҳо баъзе хусусиятҳои ба худ хос доранд, ки ҳусну зеби ҳамон шаҳрҳо мебошанд. Вале сокинони ҳама шаҳрҳои мамлакат камбудиҳои умда низ доранд. Барои мисол, дар шаҳри Душанбе роҳрӯбону мутасаддиёни соҳаи ободонӣ ҳанӯз субҳ надамида, ба кор мебароянд, кӯчаву хиёбонҳоро поку тоза мекунанд ва то соати 8-и субҳ тамоми кӯчаву хиёбонҳо рӯфта, обзада, тозаву озода ва ботаровату дилкаш мешаванд. Вале мутаассифона, ҳанӯз рӯз ба охир нарасида, ин кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз партовҳо дубора лабрез мегарданд. Чунин вазъиятро дар дигар шаҳру ноҳияҳои музофотӣ низ метавон мушоҳида кард. Метавон гуфт, ки дар давоми солҳои охир бозорҳои калони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба маркази асосии шаклгирии иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳамон шаҳру ноҳияҳо мубаддал шудаанд. Аз маҳаллаҳои дуру наздик барои хариду фурӯш, мубодилаи пулу мол ва анҷом додани дигар корҳои рӯзгору хоҷагӣ одамон гурӯҳ-гурӯҳ ҳар субҳ вориди бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳо мешаванд. Рафтуомади бетартибонаи мошинҳои мусофирбару боркашон, бенизомӣ, шӯру ғавғо, тиҷорату савдо дар бозорҳои марказиву атрофи он то нисфирӯзиву бегоҳӣ идома ёфта, аз пайи худ тӯда-тӯда партовҳоро боқӣ мемонанд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳоро мебояд дар баробари фоида гирифтан аз бозор, ҳамчунин фарҳангу одоб ва покиву озодагиро дар бозорҳо ҷорӣ кунанд. Модоме ки иҷтимоиёту иқтисодиёт дар бозор ташаккул гиранд, чаро фарҳангу маданиятро дар он ҷорӣ кардан мумкин набошад?!
АМИТ «Ховар» масъулини шаҳри Хуҷандро, ки аз тарафи хонандагон ҳамчун шаҳри покизатарин дар соли равон эътироф гардид, бо ин муваффақият табрик гуфта, ба сокинону роҳбарони шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хоруғ, Нораку Турсунзода муроҷиат мекунад, ки шаҳри худро дӯст доранд ва барои ободиву покизагии он ҷидду ҷаҳди бештар кунанд.
Дар ин бора khovar.tj хабар медихад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...