02 Декабр 2015
Дар он намояндагони Раёсати тандурустӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд, роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии самти корашон ба пешгирии ВНМО равонакардашуда иштирок намуданд. Дар ҷамъомад оиди таърихи пайдоиши ВНМО дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгири ва табобат маърӯза карда шуд.
Ғолибони иншоҳои дар мавзӯи ВНМО навишта, деворанигораҳои санитарӣ оиди пешгирии ВНМО, ғолибони саҳначаҳои фарогири мавзӯи пешгирии ВНМО аз рӯи хулосаи ҳакамон ба ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм муқаррар шуда бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Хотири иштирокчиёнро гурӯҳи санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Хуҷанд бо рақсу сурудҳои дилнишин шод намуданд.