(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маорифчиёни шаҳри Хуҷанд фаъолияти нимсолаи худро ҷамбаст намудандСоли хониши 2014-2015, ки ҷамъбасти он ба анҷоми нимсолаи соли 2015 рост меояд, дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаб, 30 кӯдакистон, 5 кӯдакистонҳои хусусии «Дилоро», «Раҳматулло», «Офтобак», Академияи бачагонаи «Гулноз», «Раҳнамо», 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 11 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, фаъолият менамояд, ки дар онҳо 33712 нафар хонандагон ва 8764 нафар тарбиятгирандагон  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
То санаи 1 июли соли ҷорӣ буҷаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 99% иҷро гардид, ки ин 5689 765 сомониро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда  дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мутаносибан ба 85% ё 190208 сомонӣ баробар аст. Дар шашмоҳаи аввал аз ҳисоби буҷаи мактабҳо ба маблағи 20740,0 сомонӣ компютер, тахтаи электронӣ, мизу курсиҳо ва ҷевонҳо харидорӣ карда шуданд. Бо мақсади корҳои таъмиру барқароркунӣ ва омодагӣ ба соли хониши нав то имрӯз аз буҷаи муассисаҳои таълимӣ 1 199 658 сомонӣ маблағ масраф гардид.
Барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимӣ дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, суратҳисоби махсус ва сарпарастон 3 адад тахтаи электронӣ, 32 адад компютер, 30 адад принтер, 2 адад телевизор, 80 адад мизу курсиҳои талабагӣ, 2 адад ҷевон, 15 адад печҳои барқию 12 адад яхдон, 12 адад тафдон ва дигар таҷҳизотҳои барқӣ харидорӣ карда шуданд.
Шӯъбаи маориф баҳри таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ пайваста кӯшиш менамояд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2159 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2047 нафарашон маълумоти олӣ ва 112 нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ 36 нафар омӯзгорон ва 13 нафар мураббиён бо сабабҳои гуногун (нафақа, ивази ҷои истиқомат, шароити оилавӣ ва беморӣ) тарки вазифа намуда бошанд, ба ивази он 40 нафар омӯзгорон ва 13 нафар мураббиён ба кор ҷалб карда шуданд. Дар айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр ба кадрҳои педагогӣ эҳтиёҷ надоранд. Дар ҳамаи онҳо таълими  фанҳои барномавӣ пурра ба роҳ монда шудааст.
Моҳи июни соли ҷорӣ тақсимоти мутахассисони ҷавони ихтисосҳои омӯзгории хатми соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров гузаронида шуд. 37 нафар мутахассисони ҷавон мувофиқи тақсимот ба ихтиёри шӯъбаи маориф фиристода шуданд, ки онҳо аз моҳи сентябр ба фаъолияти касбӣ шурӯъ менамоянд.
Мувофиқи нақшаи курси такмили ихтисос соли 2015 бояд 366 нафар омӯзгорон савияи дониши худро баланд бардоранд ва дар нимсолаи аввал 250 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин 68%- и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Инчунин аз санаи 01.06.-06.06.2015 дар пояи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд курси ҷумҳуриявии махсуси омӯзиши кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ баргухор гардид, ки дар он 21 нафар роҳбарон ва ҷонишинони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади дарёфт ва муайян кардани омӯзгорони боистеъдоду навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнату заҳмати муаллимон ва таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа, тарғибу паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ моҳи май озмуни шаҳрии «Муаллими соли Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он Аминова Зебо омӯзгори фанни математикаи ЛДП ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт.
Соли хониши 2014-2015 хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 32 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, аз 19 нафар хонандагон 15 нафарашон ғолибият ба даст оварданд. Аз он ҷумла 3 нафар соҳиби медали тилло, 4 нафар соҳиби медали нуқра ва 8 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.  Аз тарафи Раиси вилоят ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд ва 34 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр сарфароз гаштанд.
Дар озмунҳои байналхалқии лоиҳасозие, ки дар кишварҳои Гурҷистон, ва Индонезия аз фанҳои физика, технологияи информатсионӣ доир шуд, 5 нафар  толибилмони литсейи интернати  муштараки тоҷикӣ – туркӣ ширкат варзида, ба гирифтани медалҳои тилло (2н.) ва нуқра (3н) ноил гардиданд. Инчунин дар шаҳри Душанбе озмуни лоиҳавии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ (TASPO) баргузор гардид. Толибилмони литсейи интернати муштараки тоҷикӣ – туркӣ ба гирифтани медалҳои тилло (1н.), нуқра (4н) ва биринҷӣ (4н) ноил гардиданд.
Дар ин давра дар озмуни ҷумҳуриявии «Нишонзани беҳтарин» хонандаи синфи 10 м/х Иршод Мунирова М. ғолиби озмун гардид.
Бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникии онҳо, моҳи январ дар мактаби №19 озмуни шаҳрии «Техникони  наврас» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 237 нафар хонандагони ҳамаи намуди мактабҳо ширкат варзида, дар ин озмун хонандагони мактабҳои №15 Раҳимов Комил, мтму №19 Орифбоев Абдуғафур, гимназияҳои №13 Бердеев Шероз, №24 Бобокалонова Парвина, м/х Паймони азизон Дӯстматов Ғайрат, м/х Гулчини маърифат Шамсиев Фаридун ва Муродова Азиза ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.  Дар озмуни вилоятии «Техникони наврас» 3 нафар соҳиби ҷойи аввал (гимназияҳои №13.24 ва м/х Гулчини маърифат), 1 нафар соҳиби ҷойи дуюм (м/х Паймони азизон) ва 2 нафар (мтму №19, м/х Гулчини маърифат) ба гирифтани ифтихорнома мушарраф гардиданд.
Бо мақсади ташаккул додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои паҷӯҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо моҳи апрел дар мтму №23 баргузор гардид. ки дар он 429 нафар хонандагон аз рӯи 17 бахш иштирок намуданд. Дар даври вилоятии сессияи Академияи хурди илмҳо 18 нафар хонандагони мактабҳои шаҳр иштирок намуда, аз ин миқдор 10 нафар, аз ҷумла 7 нафар соҳиби ҷойи аввал, 3 нафар ҷойи дуввум гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо бошад, 43 нафар толибилмони мактабҳои шаҳр ғолибият ба даст оварданд, яъне аз ин миқдор 16 нафар соҳиби ҷойи аввал, 3 нафар ҷойи дуввум, 1 нафар ҷойи сеюм ва 23 нафар ба мақоми аз ин ҳам  баланд – 14 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 9 ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.
Бахшида ба ҷашн ба мактаб-интернати ёрирасон аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон 150 адад рӯйпоши ҷойи хоб, пойафзоли хонагӣ 150 ҷуфт, маводҳои хониш тақдим карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 11 номгӯи китоби дарсӣ ба теъдоди 17483 адад, ба маблағи 179833,96 сомонӣ ва 9 номгӯи китобҳои бадей ба теъдоди 3822 адад, ба маблағи 32812,70 сомонӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи эҳтиёҷи мактабҳо дастраси хонандагон гардид. Маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ аз тарафи мактабҳои шаҳри Хуҷанд пурра пардохт карда шудааст.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 51 нафар хонандагони ятими кул ва 541 нафар бепадар, 323 нафар бемодар, 181-нафар толибилмон аз оилаҳои камбизоат таҳсил менамоянд, Аз тарафи маъмурияти мактабҳо ва шахсони саховатманд дар арафаи иду айём ба ин хонандагон пайваста маводи ғизоӣ, либосворӣ ва лавозимоти хониш кӯмак карда мешавад. Дар аксарияти мактабҳои шаҳри Хуҷанд барои хонандагони ятими кулл хӯроки гарм ройгон ташкил карда шудааст.
Аз 47 муассисаҳои таълимии шаҳр дар 32 муассисаҳо толори варзишӣ ва дар 41 муассисаҳо майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Дар ҳамаи толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ мувофиқи талабот лавозимотҳои зарурӣ мавҷуданд. Зиёда аз 763 нафар хонандагон дар маҳфилҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, футбол, карате-до, дзюдо, мини-футбол, самбо, гӯштини юнони римӣ, гӯштини тарзи озод машқ мекунанд.
Дар Маркази тасилоти иловагӣ 5 шӯъба: сайёҳӣ-кишваршиносӣ, техникӣ, эстетикӣ, табиатдӯстон, Созмони талабагӣ, 30 номгӯи маҳфилҳо амал мекунад, ки ба он 1290 нафар толибилмони  мактабҳои шаҳри Хуҷанд ҷалб карда шудаанд, ки 75%-и аъзоён аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Ба маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ 7 нафар хонандагони душвортарбия низ ҷалб карда шудаанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юм барқарорсозии кӯдакистон барои 320-нафар кӯдак,  дар маҳаллаи Сари Баландӣ барқарорсозии кӯдакистони №16 барои 200-нафар кӯдак давом дорад. Таъмири боми кӯдакистони №25 ба итмом расонида шуда, таъмири 3-гуруҳи садамавӣ муассисаи таҳсилоти томактабӣ №29 бо суръат идома дорад.
Аз 22000 кӯдакони синни томактабии шаҳри Хуҷанд, 8764 нафар кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 40%-ро ташкил медиҳад.
Аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 1070 нафар кӯдакон ба мактаб равона карда шудаанд.
Дар таълиму тарбияи кӯдакон 416 нафар мураббиён, аз онҳо 216 нафар бо маълумоти олӣ, 200 нафар бо маълумоти миёнаи махсус кор ва фаъолият мебаранд. Барои баланд бардоштани маҳорат ва малакаи омӯзгорӣ 75-нафар мураббиёни ҷавон ба мураббиёни пуртаҷриба вобаста карда шуданд.
Мувофиқи банди сеюми Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ техникии муссисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар соли 2015 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд боми ширхоргоҳи-кӯдакистони №25 ба маблағи 320038 сомонӣ пурра шиферпӯш карда шуда,  барои барқарор намудани 3-гуруҳи садамавӣ аз фаъолият бозмондаи ширхорогоҳ-кӯдакистони №29  327962 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, таъмир бо суръат идома дорад, Ҳамчунин бо дастгириии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд компютерҳо ва принтерҳо ба маблағи 217150 сомонӣ, плитаи барқӣ, яхдон, тафдон, деги барқӣ, гӯштқимакунаки барқӣ, обҷӯшонаки барқӣ, сковароди барқӣ  ба маблағи 132640 сомонӣ, 435- адад ҷевони либоскашӣ, 504-адад рахтаи хоб, 656-адад курсичаҳо барои нишаст, 76-адад мизи хӯрока харидорӣ карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...