(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар он Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли 2015-ум дар самти пешбурди хоҷагии халқ маълумот дод. Аз ҷумла, зикр кард, ки имрӯз барои рушду такмили соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр 77 адад, аз он ҷумла 63 адад барнома, 7 адад Консепсия, 7 адад Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.
Барои сари вақт татбиқ гардидани Барномаҳо аз шумораи умумӣ дар 74 ҳолат қарори Раиси шаҳр, 3 адад нақшаи чорабинӣ қабул шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раиси шаҳр 474 қарор ва 123 амр оид ба масъалаҳои гуногун ба тасвиб расидааст. Дар шаш моҳи соли равон 40 маротиба машварати назди Раиси шаҳр ва дастгоҳи Раиси шаҳр гузаронида шуда, дар он 85 масъала баррасӣ шуд. Ҳамчун ҳадафҳои стратегии ҳамарӯза беҳтар кардани раванди ташаккули буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад. Вобаста ба ин, дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 104,3 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 104,2 фоиз таъмин гардид, ки аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 5,5 миллион сомонӣ ва 2,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад,-изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода ва афзуд, ки доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблаuҳои буҷетӣ дар давраи сипаригашта нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо таuйирот 92,8 фоиз иҷро гардид. Қисми асосии хароҷот ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ масраф шуда, он 71,4 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳрро ташкил дод.
Дар ин давра 4474,2 ҳазор доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 2137,9 ҳазор доллар ва 2336,3 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд. Сармояи хориҷӣ асосан ба соҳаҳои алоқа, саноат, хизматрасонӣ ва сармояи дохилӣ бештар ба соҳаҳои саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ ворид шуд.
Баҳри баланд бардоштани савияи хизматрасонии коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии халқ Лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” пас аз ба имзо расидани Созишномаи қарзӣ ва Гранти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВДК “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 25 ноябри соли 2011 ба маблаuи 5 млн. 940,0 ҳазор доллари амрикоӣ ба имзо расид. Бо риояи талаботи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд азхудкунии маблаu то санаи 1 июни соли 2015-ум 3598,4 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки он 60,0 фоизи маблаuи умумии лоиҳаро дарбар мегирад. Аз маблаuи умумии азхудкардашуда 205,2 ҳазор доллари амрикоӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дар хусуси афзоиши ҳаҷми савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, раванди рушди муносибатҳои иқтисодӣ, муомилоти савдои беруна, оид ба корҳои иҷрошудаи бунёдкорӣ ва ободии шаҳр, фаъолияти Идораи сохтмони асосӣ, мақсаднок ҷойгир намудани иншоотҳо дар минтақаҳои аҳолинишин, баҳри пешрафти самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, расидан ба ҳадафҳои талаботи имрӯзаи ҷомеа ва амсоли ин масъалаҳо ибрози назар кард.
Баъдан, дар қисмати суолу ҷавоб рӯзноманигорон ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо масъалаҳои мубрами рӯз муроҷиат карданд.
Мирзоаъзам Мақсудов, намояндаи рӯзномаи “Минбари халқ” дар вилояти Суғд:
-Мӯҳтарам Раис, шаҳри Хуҷанд маркази вилоят буда, бо ҳусни худ диққати ҳамагонро ба худ мекашад. Лекин баъзе иншоотҳои асри гузашта бунёдшуда ҳусни шаҳрро мекоҳонад. Кинотеатри “Баҳор” дар соҳили рост ва коргоҳи рассомии Камолиддин Нодиров дар кӯпруки 2500-солагии Хуҷанд аз ҷумлаи онҳоянд. Оё аз ҷониби соҳибони кунунии ин иншоотҳо таъмиру тармим назардошт шудааст?
Раис: -Дар шаҳр биноҳое ҳастанд, ки аз ҷониби соҳибкорон харида шудаанд. Кинотеатри “Баҳор” соли 2005-ум хусусӣ гашта буд. Соҳибмулк фавтидааст, он иншоот ҳамчун меросбар ба духтари марҳум дода хоҳад шуд. Айни замон ин масъала дар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Коргоҳи рассомии Камолиддин Нодиров амволи хусусӣ набуда, алҳол шогирдони рассом он ҷо фаъолият доранд. Албатта, чунин иншоотҳо таҳти назари мақомоти иҷроия буда, давра ба давра ҳусни тоза касб менамояд.
Саидҷон Сулаймонов, рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда”:
-Бо иқдоми Раиси вилоят соли 2015-ум низ идомаи соли “Роҳҳои обод” эълон гашт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд обод кардани чи қадар масофаи шаҳрро ба нақша гирифтааст, аз ҷумла, роҳи мавзеи гардиши ДДХ то маҳаллаи 3-юм низ мумфарш мешавад?
Раис: -Мо бо мақсади идома додани соли “Роҳҳои обод” 300 тонна битум харидем. Алҳол беш аз 30 кӯчаю тангкӯчаи шаҳрро аз таъмири ҷорию пурра баровардем, ки дар натиҷа 35 км роҳ мумфарш гардид. То 1-уми ноябри соли равон 100 км роҳ аз мумфарш хоҳад шуд. Таъмири мавзеи номбаркардаи шумо оuоз ёфтааст ва он то микроноҳияи 12-ум мумфарш шудааст. Корҳои ободонӣ рӯзҳои наздик то маҳаллаи 3-юм хоҳад расид.
Набиюллоҳи СУННАТЄ, хабарнигори рӯзномаи “Фараж”:
-Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, сайёҳону меҳмонон бештар ба ин ҷо ташриф меоранд. Вале талбандаҳо бо муносибату муомилаи ноҷои худ ба ҳусни шаҳр халал ворид месозанд. Оё ба шуuле ҷалб кардани онҳо имконият дорад?
Раис: -Назар ба солҳои пешин шумораи талбандаҳо дар шаҳр кам шуд. Масъулини мақомоти иҷроия ва ходимони соҳаи динро вазифадор кардем, ки бо талбандаҳо суҳбат намоянд. Шахсан худи ман ҳам ба ҷойи зисти талбандаҳо рафта, бо онҳо мулоқот анҷом додам. Барои кор кардан дар соҳаҳои сохтмон ва идораи хоҷагию коммуналӣ таклиф намудам.
Олимҷон ТОШМАТОВ, шореҳи барномаи “Навиди Хуҷанд”:
-Барои бори нахуст таҷлил намудани Рӯзи шаҳри Хуҷанд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чи тадбир андешидааст?
Раис: -Рамзи шаҳри Хуҷанд 25-уми сентябри соли 2014 дар иҷлосияи ХVIII-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум тасдиқ гардид. Бо таклифи вакилони халқ он рӯз ҳамчун Рӯзи шаҳр низ эълон гардид. Шаҳри Хуҷанд чуноне ҳамаи шумо бохабаред, бо шаҳрҳои Могилёви Белорусия, Линколни ИМА, Шимкенти Қирuизистон, Ганҷаи Озарбойҷон ва Табрези ҶИЭ бародаршаҳр мебошад. Дар мувофиқа бо Ҳукумати ҷумҳурӣ нақша дорем, ки намоиши маҳсулоти ин шаҳрҳо ва шаҳри Хуҷандро ташкил намоем. Илова бар ин, дар худшиносӣ ва худогоҳии ҳамватанон тадбирҳои фарҳангиву адабӣдоир месозем.
Нодира Худойдодова, хабарнигори телевизиони вилояти Суғд:
-Шаҳраки бачагони шафати Театри мазҳакаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ чандест, ки кӯдаконро ба канор намегирад...
Раис: -2 сол муқаддам соҳибкор бо нияти обод кардани ин гӯшаи шаҳр ба мо муроҷиат кард. Ба нақша гирифта шуд, ки маркази шавқмандкунии кӯдакон ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ шуда, дар ҳамаи фаслҳои сол фаъолият намояд.
Мавлуда РОФИЕВА, намояндаи АИ “Азия плюс”:
-Дар шаҳри Хуҷанд чанд корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва давоми шаш моҳ боз чанд корхонаи саноатӣ бунёд ёфт?
Раис: -Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 162 корхонаи саноатии хурду миёна ба қайд гирифта шудааст. Дар ин марҳила 20 корхонаи хурду миёна таъсис ёфт ва 400 нафар бо ҷои корӣ таъмин шуд. То охири сол шумори корхонаҳоро ба 46 адад расониданием.
Муҳайё ВОСИТЗОДА, сармуµаррири рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”:
-Муаммои бо манзили зист таъмин кардани аҳолӣ бо дастгирии бевоситаи Шумо, муҳтарам Раис, зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст. Соли гузашта аз маҳаллаҳои 14 ва 15-ум қитъаи замин ба аҳолӣ тақсим шуд ва сохтмони хонаҳо бо суръат идома дорад. Дар ин маҳаллаҳо муассисаи ислоҳотӣ вуҷуд дорад. Оё мавҷудияти ин муассиса ба бошандагони ин маҳаллаҳо таъсири манфӣ намерасонад?
Раис: -Шумори ниёзмандон ба манзил ва ё қитъаи замин ниҳоят зиёд буд, аз ин рӯ, тақсимоти участкаҳои наздиҳавлигиро аз маҳаллаҳои 1 ва 3 оuоз кардем. Аксарияти ниёзмандон соҳиби замин гаштанд. Дар маҳаллаҳои номбурда сохтмон рафта истодааст. Роҳи муассисаи ислоҳотиро ҷудо намудем ва фикр мекунам, ки ба сокинон халале надорад.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода кормандони воситаҳои ахбори умумро ба ҳамкории зич даъват кард.


 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...