(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздиди Раиси шаҳр аз таълимгоҳ ва корхонаи саноатӣЭҳёи ҳунарҳои қадима ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ як аз иқдомҳои созандаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ буда, татбиқи он ба зиммаи МИҲД шаҳру навоҳии вилоят вогузор шудааст.
Ногуфта намонад, ки ба татбиқи ин ҳадафи созандаи Роҳбари вилоятамон чун анъана пеш аз ҳама дар маркази вилоят чораҳои зарурӣ андешида шуданд.  Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Шероз» бо иштироки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шд.
Ҳадафи асосии боздиди кории Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз Литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи таълимӣ-истеҳсолии «Веттоҷ» огаҳ будан аз рафти иҷрои дастури Роҳбари вилоят дар самти эҳёи ҳунарҳои қадима дар ин ду муассиса буд. Зимни муаррифӣ аз тарфи роҳбари Литсейи касбии хизматии шаҳр Хайрулло Нурматов, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш огаҳӣ ёфтанд, ки айни ҳол аз тарафи қолинбофони афщонӣ Сафиюлло ва Азиз ба 15 нафар занони маҳаллӣ ва духтаракони муҳассилини Омӯзишгоҳ ҳунар меомӯзанд. Дар толори алоҳида 4 дӯкони қолинбофии калон ва 6 адад хурд насб карда шудааст.
Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо рафти касбомӯзии занону духтаракон ба масъулон дастур дод то ки теъдоди дӯконҳо зиёд карда шавад. Аз Сафиюлло ва Азиз хоҳиш  кард, ки ба шогирдон тамоми нозукиҳои ин ҳунари аҷдодиро омӯзанд то ки вақти мустақилона ба кор шурӯъ карданашон ба мушкилот дучор нагарданд:
-Ба мо натиҷаи мусбӣ лозим аст,- гуфт раиси шаҳр ба роҳбарияти Омӯзишгоҳ ва устодони ҳунари афщон, МИҲД шаҳр бошад, омода аст, ҷиҳати ҳавасмандии онҳо чораҷӯӣ намояд.  Ҳамчунин ба масъулини соҳа Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод,ки барои ташкили  фурӯши маҳсулоти омода намудаи ин муассисаи таълимӣ дар мағозаҳои шаҳр гӯшаҳои махсуси фурӯши армуғонҳои маҳаллӣ  ташкил карда шавад.
Алалхусус, мулоқоти гарму самимии Раиси шаҳр ва ҳунаромӯз, маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм Санавбар Дониёрова, ки сокини маҳаллаи «Чашма»-и шаҳр аст, басо массир буд:
-Дар хона ду фарзанди ногиро дорам. Ман худам, ки маҷрӯҳи гурӯҳи дуюмам, омӯзиши ҳунари қолинбофӣ ба зиндагиам кӯмаки калон мерасонад. Баъди пурра омӯхтани ин ҳунар ният дорам дар хона дӯкони алоҳида шинонда кор кунам.
-Шумо ҳунарро омӯзед, дуконро мо аз ҳисбои МИҲД шаҳр ба шумо тӯҳфа мекунем,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Тибқи дастури Раиси шаҳр  қисмати дуюми  рӯз  ба оилаи Санавбар Дониёрова як миқдор маводи ниёзи аввал- равщану орд ва шакар чун кӯмак дастрас карда шуд.
Дар ин боздид роҳбари Литсеи касби сохтмонии шаҳри Хуҷанд Абдущанӣ Рауфов низ иштирок дошт, ки Раиси шаҳр аз рафти сусти иҷрои супориши МИҲД шаҳр дар самти насби дӯконҳои қолинбофию адрасбофӣ аз вай изҳори нигаронӣ карда гуфт:
-Ба супоришҳо бояд эътибор дод. Дар иҷрои дастур таъхир накунед. Моҳе пас ман ба Литсей омада натиҷаи супоришро хоҳам санҷид.
Идомаи сафари кории Раиси шаҳр дар Муассисаи таълимӣ-истеҳсолии «Веттоҷ» сурат гирифт. Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Вет-тоҷ» моҳи августи августи соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ҳадафи таъсиси он эҳёи ҳунарҳои қадимаву миллӣ, бофтани матоъҳои миллӣ тариқи дастӣ ба монанди атласу адрас, беқасабу алоча ва шоҳӣ аст.
Дар ин муассисаи таълимӣ таҳти роҳбарии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Иброҳимҷон Мамадҷонов айни ҳол 7 нафар ҳунари адрасу атласбофиро тавассути дӯконҳои қадима меомӯзанд. Ба санаи имрӯз ин муасисаи таълимиро  беш аз 60 нафар занону духтарон аз манотиқи гуногуни вилоят хатм карда, соҳиби диплом гардидан. Таҳти роҳбарии ин пирамарди ҳунарманд дар ин муассиса таълимӣ бофтани 10 намуди адрасу шоҳӣ ба роҳ монда шудааст. Маълум гардид, ки имрӯзҳо ба ин намуди матоъ харидорон зиёд мешаванд:
-Дар як баст агар торҳо канда нашаванду мӯтадтил кор кунем, рӯзе то 3,5-4 «ҷӯра» (1 ҷӯра баробар ба 8 метр) матоъ бофтан мумкин аст,- гуфт духтари қаҳрамони меҳнат Назокат Ҳоҷиева, ки ба сифати мураббӣ дар ин муассиса кор мекунад.
Зимини сӯҳбат Раиси шаҳр ба арзиши аслии маҳсулот ва фурӯши он мароқ зоҳир кард:
-Харидорони матои адрас зиёданд. Нархи ҳар метри он 10 сомонӣ аст,- посух дод бобои қаҳрамон,- арзиши аслиаш бошад, 7 сомонӣ меафтад.
Агар ин нишондиҳандаҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва гуфтаҳои мураббӣ Назокат Ҳоҷиева таҳлил кунем, бармеояд, ки як бофанда дар ҳолати хуб кор кардан рӯзе 25-30 метр матоъ бофта то 80-90 сомонӣ музди меҳнат ба даст оварданаш мумкин аст.
Воқеан ҳам мири шаҳр барообари дидани намоиши матоъҳои бофта ба масъулин дастур дод, то ки дар мавзеи Панҷшанбе ва Бощи Камоли Хуҷандӣ дӯконҳои муосири миллӣ сохта фурӯши матоъро ба роҳ монанд:
-Бощи Камол имрӯзҳо хеле серодам ва сермеҳмон аст,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода,- хусусан меҳмонони хориҷӣ ба маҳсулоти дастибофту дастидӯхт мароқи калон зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд дар ин ду мавзеъ дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хешро ба роҳ монед. Лекин дар истеҳсоли адрас аз нахҳои бирешим низ истифода баред, ки мӯҷиби хушсифату харидоргир гардидани маҳсулоти шумо хоҳад шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода баъдан аз рафти коркарди пилла дар КМ Тоҷикистону Ветнам «ВТ-Силк» боздид ба амал овард. Муовини роҳбари коргоҳ Матлуба Бобоева зимни шинос намудани раиси шаҳр аз вазъи истеҳсолот иттилоъ дод, ки имрӯзҳо дар ин когоҳ зиёда аз 200 нафар нашъаи меҳнат чашида ба ҳисобҳи миёна аз 700 то 1300 сомонӣ моҳона мегиранд:
-Ҳаҷми маош аз самаранок кор карданни уди пиллакашҳо вобаста аст,- гуфт М.Бобоева. -дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулот дар корхона 1780,9 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар намуди аслӣ 5,4  тонна нахи бершимӣ истеҳсол карда шуд.
Ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки дар сурати зиёд гаштани маҳсулоти хоми пилла коргоҳ имкон дорад ҳаҷми маҳсулоти худро бештар намояд. Зеро корхона тамоми шароити қабул ва коркарди пиллаи вилоятро дорад. Ин омил метавонад ҳам барои зиёд гаштани ҳаҷми маҳсулот ва теъдоди ҷойи корӣ мусоидат намояд.
Раиси шаҳр дастур дод то ки барои боз ҳам бештар намудани воридоти маҳсулоти хом,-пилла ба коргох, чораҳои иловагӣ андешанд  ба пуррагӣ омӯхта ҷиҳати ислоҳи вазъи ба амаломада чораҳои зарурӣ андешад.
Дар рафти боздиди кории худ Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки тарщибу ташвиқи эҳёи ҳунарҳои қадимаро тариқи расонаҳои маҳаллӣ ва марказӣ  ба таври васеъ ба роҳ монанд. Зеро, ин  барои ташаккули бозори ин намуди маҳсулот ва дастгирии истеҳсолкунандаи маҳаллӣ мусоидат менамояд, гуфт Раиси шаҳр.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...