29 Октябр 2026
Дар муассисаи таълимии томактабии №28-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони «Тирамоҳи зарнисор» баргузор гардид.
Тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабии навтаъсис бо мураббиёни худ барномаи рангини адабию фарҳангии фарогирии васфи фасли тирамоҳро бо маҳорати баланд пешниҳод намуданд. Шеъру суруд ва гуфторҳо дар бораи тирамоҳи заррин, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, заҳмати деҳқон, фавровонии дастархон ва ғайраҳо гуфта шуд.
Кӯдакон дар нақши меваҳои гуногун доир ба хуштамъӣ ва фоиданокии он маълумот доданд. Деҳқон оид ба заҳматҳои хеш ва фарҳанги меҳнатдӯстӣ ба тарбиятгирандагон нақлҳои аҷиб намуд.
Зикр гардид, ки маҳз тирамоҳи зарнисор айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ҳамзамон ин фасли зарринро давраи ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат низ мегӯянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







