24 Октябр 2026
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуд.
Дар ин рӯз гирандагони Шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми номинатсияҳо бо 70 000, 50 000 ва 30 000 сомонӣ, инчунин Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.
Зимни ифтитоҳи маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «дар даври сеюми озмун беш аз 500 довталаб иштирок намуд, ки аз инҳо 143 нафар ғолиби даври ҷамъбастӣ гардид. Озмун муарриф ва кашфкунандаи чеҳраҳои нави соҳаи фарҳанг мебошад».
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аз шаҳри Хуҷанд Меҳрона Абдуқодирова донишҷуи курси соли дуюми ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номинатсияи “ДИЗАЙН" аз синни 18 то 35 сола сазовори ШОҲҶОИЗА" гардида, бо маблағи 100 000 сомонӣ қадршиносӣ шуд.
Муборак шавад!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







