23 Октябр 2026
Аз соати 8:00–и субҳи 24-уми октябр то ба анҷом расидани корҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ аз гардиши Спутники маҳаллаи Пахтакор то буриши кӯчаи Бахтиёр Ёқубов (чорроҳаи автовакзали куҳна) муваққатан қатъ карда мешавад.
Ин тадбир бо мақсади гузаронидани корҳои мумфаршкунӣ дар ин масир амалӣ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Камоли Хуҷандӣ истифода баранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







