21 Октябр 2026
Баъди нашри маводи интиқодии рӯзноманигор Алия Хамидуллина дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба вазъи бади нигоҳдошти ҳайвоноти хонагӣ дар қафаси яке аз мағозаҳои бозори ба номи “20 солагии Истиқлолият” тибқи дастури роҳбарияти шаҳр он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз тарафи кормандони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд муайян карда шуд, ки шаҳрванд Моҳира Эргашева, фурӯшандаи мағозаи “ЗОО Престиж” дар бозори ба номи “20 солагии Истиқлолият” ба фурӯши ҳайвоноти хонагӣ ва парандаҳо машғул будааст. Ҳангоми санҷиш ҳолате, ки рӯзноманигор Алия Хамидуллина тасвир намуда буд, ба чашм нарасид, зеро қафасҳо холӣ буданд.
Бо вуҷуди ин аз тарафи кормандони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва дар ин бора санад низ тартиб дода шуд.
Шаҳрванд Моҳира Эргашева, фурӯшандаи мағозаи “ЗОО Престиж” уҳдадор гардид, ки минбаъд ба чунин ҳолат, яъне озори ҳайвоноти хонагӣ роҳ намедиҳад ва чунин ҳайвоноти хонагӣ ва парандагонро дар вазъи хуби санитарӣ нигоҳ хоҳад дошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







