(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии шаҳр, намояндагони иттифоқҳои касаба, нозирони минтақавии милитсия, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, қаҳвахона, ошхона ва кормандони прокуратураи шаҳр иштирок доштанд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласа натиҷаи санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар шаҳр, инчунин таҷрибаи санҷиш ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба ин соҳа дар солҳои 2024–2025 ва 9 моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Раиси Шӯро афзуд, ки ҳанӯз 24 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хангоми вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз ҷумла кайд карданд буданд, ки “Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон гашта, ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ буда, бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатарии корӣ ба амал меояд”.
Тибқи моддаи 35-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳо, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ба моликият, оила ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд эътироф кардани ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат шаҳодати он мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи мехнати кормандон диққати хоса дода, бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар чорабинҳои дахлдор амалишавии ин ҳукукҳоро таъмин ва назорат менамояд.
Ҳифзи меҳнат ин низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирӣ ва барқароркунӣ мебошад, ки барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва қобилияти кории инсон дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ равона шудааст. Аз мафҳуми ҳифзи меҳнат бармеояд, ки ҳифзи меҳнат ин як низоми мукаммали якчанд чорабиниҳо бо ҳам алокаманд ва пуркунандаи якдигар буда, пеш аз ҳама ин чорабинҳои барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ки ба ҳар як инсон кимати бузург дорад нигаронида шудааст.
Сипас, муовини прокурори шаҳри Хуҷанд Қиёмиддин Маҳмадалиев вобаста ба натиҷаи санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар шаҳр, инчунин таҷрибаи санҷиш ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба ин соҳа дар солҳои 2024–2025 ва 9 моҳи соли 2026 маърӯзаи муфассал намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи меҳнат, ҳимояи ҳуқуқи кормандон ба шароити бехатари меҳнат ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура, ба ҳисоб меравад. Зеро, дар сурати риоя нагардидани талаботи бехатарӣ, хунукназарии шахсони масъул, истифодаи нодурусти таҷҳизот ва ба таври дахлдор ташкил накардани корҳои истеҳсолӣ ҳодисаҳои нохуш ба амал омада, боиси ҷароҳатбардорӣ, маъюбшавӣ ва марги кормандон мегардад.
Бо мақсади бартараф кардани қарзи музди меҳнат ва таъмини риояву иҷрои талаботи қонунгузории меҳнат, таъмини ҳуқуқҳои қонунан ҳифзшудаи шаҳрвандон, прокуратураи шаҳр пайваста чораҳои дахлдор андешида истодааст.
Мувофиқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ, ҳар як корфармо ва шахси масъул уҳдадор аст, ки дар доираи ваколатҳои мансабиаш барои таъмини шароитҳои муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, пешгирии таъсири омилҳои хатарнок ба ҳаёту саломатии кормандон ва риояи қоидаҳои техникаи бехатарии кормандон пайваста чораҳои зарурӣ андешад.
Таҳлил нишон дод, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр дар соли 2024 - 306 адад, дар соли 2025 - 325 адад ва дар 9 моҳи соли 2026 - 333 ададро ташкил дода, шумораи онҳо дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 ба 19 адад ё 6,2 фоиз ва дар 9 моҳи соли равон нисбат ба соли 2025 ҳамагӣ 8 адад зиёд гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди шаҳр 177 адад ширкатҳои сохтмонӣ бо теъдоди 2993 нафар кормандон фаъолият менамоянд.
Дар маҷмӯъ бошад шумораи кормандони соҳаи саноат дар соли 2024 - 7 210 нафар ва дар соли 2025 - 7 380 нафарро ташкил дода, дар ин давра 170 нафар ё 2,4 фоиз зиёд шудааст.
Омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ нишон дод, ки ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, бо сабаби дар истеҳсолот мавҷуд набудани шароитҳои одитарини корӣ ва риоя нагардидани талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ аз ҷониби корфармоён ва кормандон, бахусус ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ё корҳои вазнини истеҳсолӣ содир шуда, бо оқибатҳои вазнин анҷом ёфтааст.
Муовини прокурори шаҳри Хуҷанд Қиёмиддин Маҳмадалиев дар баромади худ якчанд мисолҳоро аз парвандаҳои ҷиноятӣ пешкаши ҳозирин намуд.
Сипас дар ҷараёни кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии дар вилояти Суғд Ҷамшед Сайфуллозода, раиси иттифоқҳои касабаи соҳаи саноат дар вилояти Суғд Толиб Оқилов ва дигарон баромад намуда, доир ба корҳои анҷомёфта ҳисобот доданд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода зимни баррасии масъалаи мазкур аз шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, таваҷҷуҳи онҳоро баҳри таъмини бехатарии меҳнат ҷалб намуда, таъкид дошт, ки риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ танҳо дар ҳуҷҷатҳо инъикос наёбанд, балки дар амал иҷро карда шаванд. Мақомоти назоратии соҳавиро зарур аст, ки дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорат дар самти риояи талаботи ҳифзи меҳнат тақвият дода, ба қонуният ва асоснокии қарорҳои қабулшуда, пуррагии тафтиши ҳодисаҳо ва иҷрои чораҳои пешгирикунанда диққати махсус диҳанд.
Аз роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ таъмини иҷрои талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш талаб карда шуд.
Роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ӯҳдадор шуданд, ки ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандонро аз ҳамагуна ҳодисаҳои нохуш дар мадди аввал гузошта, ҷиҳати бартараф намудани конунвайронкуниҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ва риояи талаботи қонунгузориро дар ин самт иҷро намуда, барои ҳар як камбудии ошкоршуда чораҳои мушаххаси бартарафсозиро тартиб диҳанд. Коргарон ҳамеша бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ таъмин ва истифодаи дурусти онҳо назорат карда шавад. Бидуни он роҳ додан ба корҳои сохтмонӣ қатъиян манъ аст.
Ба Мақомоти иттифоқи касабаи соҳавӣ, намояндаи Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, намояндаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дастур дода шуд, ки фаъолиятро дар ин самтҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда, саривақт камбудӣ ва қонунвайронкуниҳои ҷойдоштаро ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қонунӣ андешанд.
Зикр шуд, ки ҳадафи ниҳоии ҳамаи чораҳои андешидашаванда пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ, кам кардани хавфи ҷароҳатбардорӣ ва ҳифзи ҳаёту саломатии корманд мебошад.
Бо вазифагузориҳои дигар ба кори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...