(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо рафти корҳои сохтмонии як қатор иншооти таъиноташ гуногун дар шаҳри Хуҷанд шиносоӣ намуданд.

Нахуст бо рафти корҳои сохтмонии бинои Академияи варзишии Федератсияи бокси вилояти Суғд ошноӣ пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои наврасону ҷавонон ҷиҳати таҳсил, фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар ин замина толору майдончаҳои варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд.
Иншооти варзишии мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ бунёд шуда, аз толори бузург барои баргузории мусобиқаҳо ва машқу тамрин, ҳуҷраҳои кории мураббиён, ҳаммом, ҷойи иваз кардани либос ва меҳмонхона барои 20 нафар иборат мебошад.
Ба истифода додани иншоот имконият фароҳам меорад, ки мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида, барои машқу тамрини варзишгарон шароити мусоид муҳайё карда шавад.
Раҷаб Аҳмадзода ба соҳибкор ва сохтмончиён ҷиҳати риояи талаботи сохтмонӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои варзишгарон, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, инчунин анҷом додани корҳои ободонӣ дар атрофи Академияи бокси вилояти Суғд дастуру супоришҳо дод.
Сипас, аз ҷараёни сохтмони маҷмааи хизматрасонии тарабхонаи «Форел» боздид ба амал оварда шуд.
Дар баробари бинои амалкунандаи тарабхона, бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ дар шафати он ду бинои иловагии хизматрасонӣ, аз ҷумла барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, тарабхонаю қаҳвахона, инчунин ҷойҳои сайру гашт дар соҳили дарёи Сир ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шуда истодаанд.
Дар иншоот корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, барои сари вақт анҷом додани корҳои боқимонда беш аз 30 нафар устои маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Бинои мазкур барои баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, толорҳои барҳаво, ҳуҷраҳои алоҳида ва мутобиқ ба талаботи муосири хизматрасонӣ бунёд гардидааст.
Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва пардоздиҳӣ, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, чароғон кардани гирду атроф, сабзкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохилию хориҷӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар идомаи боздид Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи маориф Мунаввара Ҳасанова хабар гирифта, ба мавсуф, ки беш аз 40 сол дар соҳаи маориф кор кардааст, туҳфаҳо тақдим кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...