14 Октябр 2026
Имрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар 9 моҳи соли 2026 баргузор гардид.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2026 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда мешаванд.
Сипас, Сӯҳроб Самадзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар 9 моҳи соли 2026 маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои босуботи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондодҳои Раиси вилоят, Раҷаб Аҳмадзода фаъолияти ҳамарўзаи худро дар самти суръатбахшии истеҳсолот, рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда, барои пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида истодаанд. Кулли сокинон ва кормандони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, ғояҳои хирадмандона ва ояндабинонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарўзаи худ ба пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои ноил гардидаи нўҳ моҳи соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳанд.
Таъкид шуд, ки дар амал татбиқ намудани ҳадафи асосии Стратегияи рушди миллӣ саноатикунонии босурат, барои пешрафту тараққӣ ёфтани иқтисодиёти шаҳр мавқеи бузург дошта, натиҷаҳои ноилгашта, барои афзун ёфтани ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилояту ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ҳамасола заминаи устувор гузошта истодааст.
Сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи тағйиротҳои ҷаҳонии солҳои охир дар натиҷаи чораҳои андешидашуда имконпазир гашт, ки дар ин давра 27 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир бо ҷалби зиёда аз 101,0 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода, миқдори умумии корхонаҳои саноатиро ба 333 адад расонида шуд.
Натиҷаҳои фаъолият собит менамоянд, ки дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 1,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 125,4 фоизро ташкил дод.
Аз ин миқдор 375,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 113,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи воқеии иқтисодиёт таҳкими асосӣ гузошта истодааст.
Дар шаҳр сол аз сол зиёд шудани шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба назар расида, дар ин давра аз ҷониби 140 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 928,2 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 188,9 млн. сомонӣ ё 25,6 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Сӯҳроб Самадзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба дигар нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр давоми 9 моҳи соли равон ҳисоботи муфассал дод.
Дар ҷараёни маҷлис Султонбой Ғафуров, мудири бахши саноат ва энергетика, Ҷаҳонгир Мамадов, директори генералии Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр ва дигарон доир ба самти фаъолияти хеш ва мушкилоти ҷойдошта маълумот доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни пурсиш аз масъулини дахлдор доир ба бурду бохти шаҳрдорӣ таҳлилҳои амиқ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи ҷамъбастӣ корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи тибу маориф, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, саноат, сохтмон, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, иҷрои босифати нақшаи андоз, тарғиби худшиносиву худогоҳӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, дурӣ аз фарҳанги бегона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва ғайраҳо буданд.
Дар ҷараёни маҷлис сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги вилояти Суғд Ҳаким Ҳакимзода доир ба мавзуъоти рӯзмарра фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода фаъолияти шаҳрдориро дар 9 моҳи соли 2025 натиҷагирӣ намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои соли ҷорӣ ва ҷамъбасти муваффақонаи он ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







