13 Март 2015
Дар шаҳри Хуҷанд баробари нисбатан мусоид гаштани ҳаво корҳҳои асфалтхобонӣ ва таъмири роҳҳо оғоз гардид.
Яке аз кӯчаҳои аввалиние, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъмир ва асфалткунии пурраи он пешбинӣ шуда буд, ин гузаргоҳи Мавлонбекови шаҳр аст.
Ҳоло дар кӯчаи мазкур, роҳсозони Идораи истифодабарӣ ва роҳсозии шаҳри Хуҷанд корро оғоз намуда, ният доранд давоми се рӯз онро аз таъмири хушсифат бароварда, мавриди истифода қарор диҳанд.
Масоҳати умумии роҳ 500 метр дарозӣ ва 9 метр паҳноӣ дошта, баъди таъмир гаштани он боз як кӯчаи асосиии шаҳр обод хоҳад шуд.