07 Октябр 2026
Дар Литсейи инноватсионии "Ҷавонӣ" бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Забон — ҳастии миллат, омӯзгор — чароғи маърифат» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш директори Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ, номзади илмҳои филологӣ Сурайёхон Неъматзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муҳайё Ғафурӣ, ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори муассиса Сурайёхон Неъматзода оғоз гардид. Зимни суханронӣ доир ба мақому манзалати забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ, омили таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ибрози назар карда шуд.
Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аҳли ҳамоишро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрик намуда, оид ба сиёсати давлатӣ дар самти гиромидошти забони давлатӣ, рушди соҳаи маориф ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа суханронӣ намуд.
Дар доираи ҳамоиш Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» Сурайёхон Неъматзода тақдим гардид.
Қисмати дигари чорабинӣ ба қадршиносии ғолибону ҷоизадорони олимпиадаҳои байналмилалӣ бахшида шуд.
Зикр гардид, ки хонандагони Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» дар давраи таътили тобистонаи соли 2026 дар як қатор олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз фанни математика ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз фанҳои физика ва астрофизика иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони олимпиадаҳои мазкур барои дастовардҳои шоиста ва муаррифии сазовори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон, заҳмати омӯзгороне, ки дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд, махсус таъкид гардид.
Дар идомаи ҳамоиш як қатор омӯзгорони Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» барои фаъолияти пурсамар, маҳорати баланди касбӣ ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иштироки хонандагони муассиса идома ёфта, дар он шеъру суруд, қироатҳои бадеӣ ва саҳнаҳои тарбиявӣ дар васфи Ватан, забони давлатӣ, худшиносии миллӣ ва мақоми омӯзгор манзури ҳозирин гардонида шуданд.
Ҳамоиши «Забон — ҳастии миллат, омӯзгор — чароғи маърифат» дар фазои идона ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, илму маърифат ва заҳмати омӯзгор ҷамъбаст гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







