03 Октябр 2026
Дар гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд хонандагону омӯзгорон бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр бо фараҳу шодмонӣ Рӯзи омӯзгорро таҷлил намуданд.
Директори гимназия Манзура Муинзода омӯзгоронро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки омӯзгор нафарест, ки ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Беҳуда ӯро “шамъи базми ақлҳо” ва “равшангари шоми шогирдон” намегӯянд. Бояд гуфт, ки омӯзгорон вазифаи ниҳоят душвор, масъулияти гаронро ба зимма доранд. Дар зиндагии пур аз розу ниёз тарбияи инсонҳоро ба дӯш гирифтаанд, ки ин кори саҳлу сода нест. Дар рӯзгори мардум омӯзгор чун оинаест, ки ба он нигариста, мушкилоту нуқсону камбудиҳоро бартараф месозанд. Омӯзгор саропо намунаи олии ибрат барои соҳибдилон аст. Беҳуда нагуфтаанд, дарозтарин умр умри омӯзгор аст. Ӯ ҳаргиз намемирад, шогирдонаш ба ӯ умри ҷовидонӣ мебахшанд.
Мусаллам аст, ки ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад ва дар самти ба камол расонидану омўзонидан нақши омўзгор хеле бориз аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, нақши омузгорро дар ин раванд хеле бузург арзёбӣ намуда, омӯзгориро касби пуршараф номидаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад»
Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд.
Пешаи омӯзгорӣ ба ҳар кас насиб намегардад, зеро ин покӣ, накӯӣ, ҷонфидоӣ, муҳаббат, самимият аст. Зеро рисолати омӯзгор аз он ки роҳнамои роҳи рост барои кулли башарият аст, рисолати паёмбарист. Ҳар нафаре, ки ба номи бошарафи омӯзгор сазовор гаштааст, бе шакку шубҳа нафарест, бахтёр. Бузургии омӯзгор пеш аз ҳама дар он аст, ки тифли аз олами маънӣ бехабарро доно мекунад. Шогирд низ аз меҳнати муаллимаш бехабар намемонад ва аз ӯ розӣ мешавад ва ба накӯӣ аз ӯ ёд мекунад.
Ба як қатор омӯзгорони пешсаф ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки ба шарафи Рўзи омўзгор аз ҷониби хонандагону омӯзгорон таҳия шуда буд, табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







