25 Сентябр 2026
РӮЗИ ШАҲР АЗ ИСТИҚЛОЛУ ОБОДИСТ!
Сокинони сарбаланди Хуҷандшаҳри бостонӣ!
Шаҳри азизи мо Хуҷанди анқариб сеҳазорсола тӯли мавҷудияти хеш дар қатори даҳҳо шаҳрҳои қадиму навбунёд, бо фарзандони донишманду фозил, бо удабову шуарои барҷаста, бо тоҷирону аҳли савдои хеш фарҳангу тамаддуни оламро ғанӣ гардонидааст ва имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ҳамчун шаҳри пешрафта шинохта шудааст.
Тоҷикистон имрӯзҳо тантана дорад, тантана аз 35-солагии соҳибистиқлолии хеш. Тӯли ин солҳо шаҳри Хуҷанд баробар бо шаҳри Душанбе қадам мезанад ва дар такомули ин давлати қадиму дар айни замон ҷавон саҳми бориз мегузорад. Ин аст, ки дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати чорум, таҳти №278 аз 25 сентябри соли 2014 «Дар бораи тасдиқ намудани Рамзи шаҳр ва эълон намудани Рӯзи шаҳри Хуҷанд» соли дувоздаҳум аст, ки Рӯзи шаҳр дар қаламрави шаҳр бо шукргузорӣ аз ватандориву меҳанпарастӣ, аз шукуфоиву пешрафт таҳти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад, ки дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш оид ба шаҳр бо ифтихор изҳор доштаанд: «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».
Таърихи ҳар як шаҳр сарнавишти мардуму сокинонест, ки онро бунёд намудаву тараққӣ додаанд. Шаҳр як сайёраи хурдест, ки воқеаву ҳодисоти ҷаҳони атрофро дар худ таҷассум месозад, симои хос, хусусият ва сифатҳои нодиру нотакрори худро дорад, ки дар маҷмўъ унсурҳо ва саҳифаҳои шарҳи ҳол ва таърихи онро ташкил медиҳад. Шаҳри қадимаву ҳамешаҷавони Хуҷанд низ бо хусусият ва сифатҳои хосу нотакрори худ аз ин истисно нест. Чунончи, яке аз нависандагон ва муаррихони садаи нуздаҳи рус Лев Фиофилович Костенко дар яке аз мақолаҳои илмии хеш навиштааст, ки «Хуҷанд дар баробари шаҳри калону сернуфуз буданаш, бо ягонагии таркиби миллии хеш фарқ дорад. Дар ин ҷо асоси аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд».
Дар таърихномаҳои дигар овардаанд, ки бо сабаби зебоиву ободӣ ва бо суръат рушд ёфтанаш, ба Хуҷанд унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Хуршедшаҳр», «Арўси даҳр», «Беҳҷатмаол» ва «Мумтози шарқу ғарб» ном додаанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Хуҷандшаҳр бо тараққиёти бесобиқа пеш меравад. Бунёд ва фаъолияти самарабахши корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ҷавобгў ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некўаҳволии сокинони шаҳр умед ба ояндаи дурахшон аст.
Имрўз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ дуюмин шаҳри Тоҷикистон пас аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, ҳоло ба беш аз 200 ҳазор нафар расидааст.
Дар шаҳри Хуҷанд 7 донишгоҳи олӣ, 5 коллеҷ, 52 муассисаи таълимӣ, 33 кўдакистони давлатӣ, 11 кўдакистони хусусӣ, 16 муассисаи тиббӣ, Минтақаи озоди иқтисодӣ, Минтақаҳои саноатӣ, Марказҳои савдо ва Варзишгоҳҳои бонуфуз амал мекунанд, ки ҳама дар такомули шахсияти наврасону ҷавонони шаҳр, беҳбудии зиндагии маишиву мадании сокинон нақши бузург доранд.
Мардуми шарифи шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулияти баланд ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода буда, бо заҳмати шаборўзии худ ба пешрафт ва шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодааст, ки нишондиҳандаҳои дастоварди мо дар чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд.
Шаҳрнишинони азиз, сокинону меҳмонони ин шаҳри бостониву хуршедии Хуҷанд! Рўзи шаҳри Хуҷандро бо ифтихормандӣ ва самимияти афзун ба якояки шумо шоддбод гуфта, бароятон хонадони обод, рўзгори пурнишот, ба шаҳру кишварамони маҳбубамон сулҳу оромӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дастовардҳои нав ба нави меҳнатиро орзу менамоям.
Рўзи шаҳр муборак, ҳамшаҳриёни азиз!







