1452
(3 голоса, среднее 3.67 из 5)
18 Январь 2016
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи нақш- чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вобаста ба эълон гаштани 300 рӯзи ободонӣ бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳашари умумишаҳрӣ бештар аз 10 ҳазор нафар сокинони шаҳр кормандони идораю ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият иштироки фаъолона намуданд.
Дар ин рӯз бо қувваи ҳашарчиён бештар аз 2 ҳазор ниҳолҳои сояафкану мевадор ва наздики ҳазор бех гулҳои ороиши шинонда шуд.
Дар баробари ин кормандони идораҳои хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр зиёда аз 30 ҳазор метри мукааб ҷуйборҳоро тоза намуда, кӯчаю хиёбонҳои шаҳрро аз бештар як тонна партов тоза намуданд.