САДА ОЯД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРЎЗ…
Хуҷандиёни азиз, меҳмонони ин шаҳри хуршедӣ!
Соли равон давлати соҳибистиқлоли мо, ки сивупанҷсолагии онро тантана хоҳем кард, дар шинохти мероси маънавию таърихии халқи тоҷик корҳои бузургро ба иҷро расонд, ки дар саргаҳи он ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Муфассал...
Бахшида ба таҷлили Иди Сада дар партави эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Сада -ҷашни қадимаи халқиятҳои ориёинажод” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонзода ширкат намуданд.
Муфассал...
Субҳи имрӯз, санаи 30.01.2026., Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонии шаҳр мулоқоти озоду ошкоро намуд.
Муфассал...
Дар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Ҳофизхонӣ” баргузор гардид. Довталабони даври ниҳоии озмун бо маҳорати баланд аз ашъори шоири забардасти тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ғазалҳо қироат ва аз рӯзгори ибратбахши шоир нақлҳо намуданд.
Муфассал...
Субҳи имрӯз, санаи 29.01.2026 Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла ноибони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, роҳбари шуъбаи иншооти варзишии Федератсияи футболи кишвар Абдураҳмон Охунзодаро ба ҳузур пазируфт.
Муфассал...