(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд


аз 08.12.2016 с.                                                           №511


Дар бораи  тасдиқи нархномаҳои  истифодабарии оби нӯшокӣ

ва хизматрасонии рафъи партовобҳо


Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлати» Созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Беҳтаргардонии вазъи таъминоти оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд» аз 18 майи соли 2008 ва  бо назардошти мактуби Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд аз 24 ноябри соли 2016, №1906, қ а р о р  м е к у н а м:
1. Нархномаи таъминоти  оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо  ва корҳои хизматрасонӣ дар Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» тасдиқ гардида аз 1 январи соли 2017 ҷорӣ карда шавад (замимаи №1).
2. Бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр (Ишонқулов Ғ.С.), Раёсати молияи шаҳр (Бобоҷонов А.А.), Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати  ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр (Бобоев З.), Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» (Мирхолиқов С.Т.) вазифадор карда шаванд, ки:
- ҷиҳати аз пардохти  истифодабарии оби нӯшокӣ ва хизматрасонии рафъи партовобҳо озод намудани иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони  ба онҳо  баробаркардашуда, ки  аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда, баҳри пардохт намудани фарқияти  маблағ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бо назардошти  нархномаи  дар соли 2017 тасдиқшаванда тадбирҳои мушаххас андешанд;
- бо назардошти ивазшавии нархномаи истифодабарии оби нӯшокӣ ва хизматрасонии рафъи партовобҳо ба шартномаҳои  байни ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ ва  Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» пардохти фарқияти маблағи бавуҷуд меомада аз ҳисоби захираи иловагии буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шаванд.
3. Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-ро зарур аст, ки рӯйхати ягонаи тамоми имтиёздоронро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешниҳод намояд.
4. Ба маркази таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳр  (Дадобоев М.) супорида шавад, ки инъикоси  васеи қарори мазкурро тариқи расонаҳои  хабарии маҳаллӣ таъмин намояд.
5. Қарори Раиси шаҳр аз 31 декабри соли 2013, №860 «Дар бораи тасдиқи нархномаҳои истифодабарии оби нӯшокӣ ва хизматрасонии рафъи партовобҳо» аз эътибор соқит дониста шавад.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони шаҳр пешниҳод карда шавад.
7. Назорати қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Х. гузошта шавад.

Раиси шаҳр                                         Шарифзода Ш.Ф.


Замима

бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд

аз « 8 »_12__2016сол №511

тасдиқ карда шудааст


Нархномаи

хизматрасонии оби нӯшокӣ ва рафъи партовобҳои

Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»

аз 1 январи соли 2017 амалӣ карда мешавад



р/т


Номгӯи истифодабарандагон


Воҳиди

ченак

маблағ

(сомонӣ)

1.

Хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ:


  • барои аҳолӣ ба 1 м3
  • барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3
  • барои  ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ ба 1м3



сомонӣ

сомонӣ

сомонӣ



1,00

1,70

6,00



1.

Хизматрасонии партовобҳо:


  • барои аҳолӣ ба 1 м3
  • барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3
  • барои  ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ ба 1м3



сомонӣ

сомонӣ

сомонӣ



0,60

1,00

1,70




Эзоҳ: Нархнома барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон ба истиснои аҳолӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда муайян карда шудааст.

Муовинони Раиси шаҳр

Муҳаммадҷонзода М.Т. Муҳаммадҷонзода М.Т. Муовини раиси шаҳр.Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой. 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.Соли 1984 Институти ...
Бобозода Т.К. Бобозода Т.К. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри ХуҷандБобозода Толиб Карим санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.Соҳиби маълумоти олӣ буд...
Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Марҳабо Усмоновна 7 октябри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишкадаи текстили- технологии б...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Бойматов Р. Р. Бойматов Р. Р. Бойматов Раҳимҷон Расулович. 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 Дон...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти политехникии Тоҷикистонро   бо...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз455
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта448
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта903
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3322
mod_vvisit_counterҲамин моҳ13450
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16767
mod_vvisit_counterҲамагӣ782889