(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд

Дар бораи тадбирҳои иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз

23 декабри соли 2015, №553

Мутобиқи моддаҳои 19-20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 декабри соли 2015, № 553 «Дар бораи Барномаи вилоятии “Соли 2016- соли фарди солим” ва беҳдошти ҳолати хизматрасонии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир дар шаҳр қ а р о р м е к у н а м:
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи вилоятии “Соли 2016- соли фарди солим” тасдиқ карда шавад (Замимаи 1).
Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳр оид ба татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 – соли фарди солим» таъсис дода, ҳайати он тасдиқ карда шавад (Замимаи 2).
Сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Муродӣ У.Б вогузор карда шавад.

Раиси шаҳр                                              Раҷаббой Аҳмадзода


Замимаи 1
ба қарори Раиси шаҳри
аз __ феврали  соли 2016 № __
тасдиқ шудааст


Нақшаи чорабиниҳо оид ба

татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим» дар шаҳри Хуҷанд

№ т/т

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлати иҷро

Шахсони масъул

барои иҷроиш

Манбаи маблағгузорӣ

Натиҷа

I.Чорабиниҳои умумӣ

I.I.Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ


1

Тағйир додани тафаккури ҷавонон, падару модарон оиди никоҳи хешутаборӣ, таваллуди номатлуби кӯдакони нуқсондор ва маъюбии онҳо, ҳомиладории бехавф ба воситаи ташкили барномаҳои телевизионӣ

давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , кор бо занон ва оила, маориф, САҲШ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилоту идораҳо, шӯъбаи итилоотию таҳлилии  дастгоҳи Раиси шаҳр


маблағҳои  буҷетӣ

Баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ

2

Баромадҳои мутахассисон тавассути радио ва телевизион, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо

давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа ,  шӯъбаи итилоотию таҳлилии  дастгоҳи Раиси шаҳр

маблағҳои  буҷетӣ

Баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ

3

Ташкил намудани аксияҳои «Дӯкони саломатӣ» ва «Дӯкони саломатии сайёр» бахшида ба «Соли 2016-соли фарди солим»


давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , ташкилоту идораҳо, аъзои Шӯро

маблағҳои  буҷетӣ

Маълумотнокӣ оиди Барнома

4

Гузаронидаи конференсияи илмию амалӣ ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Фарди солим»

давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , ташкилоту идораҳо, аъзои Шӯро


маблағҳои  буҷетӣ

Маълумотнокӣ оиди саломатӣ ва солимӣ

5

Ташкил ва гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо  дар ба мавзӯъҳои ғизои хушсифату самарабахш,  тарзи ҳаёти солим, вазни зиёди бадан ва одатҳои бад

мунтазам дар давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , ташкилоту идораҳо, аъзоёни Шӯро

маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилию хориҷӣ


Баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ

6

Ташкил намудани роликҳои тарғибкунандаи симои фарди солим барои мониторҳои шаҳри Хуҷанд, ҳудуди варзишгоҳ ва Қасри варзиш ва инъикоси он тариқи телевизионҳои маҳаллӣ

мунтазам дар давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилоту идораҳо


маблағҳои  буҷетӣ

Маълумотнокӣ оиди фарди солим

7

Бо ҷалби мутахассисону варзишгарон, коршиносону сиёсатмадорон ташкил намудани барномаҳои телевизионӣ дар мавзӯи нақшиварзиш дар ташаккулу камолоти фарди солим



мунтазам

Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилоту идораҳо,

маблағҳои буҷетӣ

Чалби ҷавонон ба варзиш

8

Гузаронидани  вохӯриҳо, сӯҳбатҳо, марафонҳо оид ба мушкилоти ҳифзи саломатии модару кӯдак

давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , кор бо занон ва оила, ташкилоту идораҳо, аъзои Шӯро


маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилию хориҷӣ

Ҳифзи муҳити зист

9

Таҳия ва нашри маводи иттилоотию тақсимотӣ оид ба мушкилоти ҳифзи саломатии модарон ва нигоҳубини кӯдакон

давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , кор бо занон ва оила, ташкилоту идораҳо, аъзои Шӯро



Ҳифзи саломатии модару кӯдак

10

Ташкили гӯшаҳои «Фарди солим»

давоми сол

Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеъа , кор бо занон ва оила, ташкилоту идораҳо, аъзои Шӯро

маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилию хориҷӣ

Баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ нисбати  саломатии модарон ва нигоҳубини кӯдакон


11

Озмуни вилоятии «Фарди солим»

семоҳаи якум чорум

Мақомот, ташкилоту идораҳо, аъзои Шӯро

маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилӣ

Ҳавасмандкунии мақомотҳо ва идораҳо

12

Вусъати ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби онҳо барои ташкил ва баргузории мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ оид ба футбол, бокс, гӯштингирӣ, тенниси калон ва дигар намудҳои варзиш

давоми сол

Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилоту идораҳо,

маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилию хориҷӣ


Баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ нисбати  саломатии худ

13

Ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва ба ин васила мусоидат намудан ба тарбияи тарзи ҳаёти солим, ташкил ва роҳандозии фаъолияти маҳфилҳои варзишӣ мувофиқи синну соли гуногун



давоми сол

Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

маблағҳои буҷетӣ, сармоягузорон

Ташакули тарзи ҳаёти солим

14

Ташкил намудани дастаи варзишгарон аз ҳисоби маъюбон ва тариқи ройгон фаро гирифтани онҳо ба маҳфилҳои варзишӣ


нимсолаи аввал

Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилию хориҷӣ


Чалби маъюбон ба варзиш ва солимгардони

15

Таҳияи меъёрҳои омодагии ҷисмонӣ таҳти шиори «Ба меҳнату мудофиа омода бош!» ва ҷорӣ намудани онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ

нимсолаи аввал

Шуъбаи  маориф, Шӯъбаи масоили иҷтимоӣ- фарҳангӣ, робита бо ҷомеа Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ


маблағҳои буҷетӣ

Чалби ҷавонон ба варзиш, солимии насли наврас

16

Бунёди  танаффусҳои варзишӣ-истеҳсолии «Фосилаи варзишӣ дар соати корӣ»

давоми сол


Ташкилоту идораҳои шаҳр


Нигаҳдории солимӣ

17

Ташкил ва таъмири иншоотҳои варзишӣ дар шаҳр, маҳаллаҳо

тибқи нақша дар давоми сол

МИҲД шаҳр ва Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилию хориҷӣ, бо усули ҳашар

Чалби аҳолӣ ба варзиш

18

Ташкили пайроҳаҳои саломатӣ,

дар пайроҳаи боғҳои фарҳангию фароғатӣ ташкили таҷҳизоти варзишӣ,

пайраваҳои велосипедронӣ дар роҳҳо


нимсолаи дуввум

МИҲД шаҳр  Бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

маблағҳои буҷетӣ, сармояи дохилию хориҷӣ, бо усули ҳашар

Омода намудани шароит барои варзиш

19

Ташкил ва самаранок истифодабарии  лагерҳои истироҳатии тобистона барои солимгардонии кӯдакону наврасон


июн-августи соли 2016

Шуъбаи   маориф

маблағҳои буҷетӣ

Солимгардонии наврасон

20

Корҳоиободониву   созандагӣ, гузаронидани ҳашарҳо, кабудизоркуниимайдончаҳоимуассисаҳои тиббӣ, шинонидани ниҳоли дарахтҳоисояафканумевадиҳанда

давоми сол

МИҲД шаҳр ва маҳаллаҳо

маблағҳои буҷетӣ, ҳашар

Тозаю покиза нигоҳ доштани муҳити зист

21

Таъмири  чориибиноҳои муассисаҳои тиббӣ ва ороиши онҳо бахшида ба эълон шудани «Соли 2016 – соли фарди солим»

тибқи нақшаи алоҳида

МИҲД шаҳр ва муассисаҳои тиббии шаҳр

маблағҳои  буҷетӣ, суратҳисоби махсуси муассисаҳои тиббӣ, дастгирии шарикон


Беҳтар намудани шароити корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи хизмати тиббӣ

22

Баргузор намудани аксияи «Ободонии маҳалли зист»

нимсолаи дуюм

Кумитаи муҳити зист шаҳр

маблағҳои буҷетӣ

Ободу тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳавасмандгардонии аҳолӣ


23

Бо таҷҳизоту лавозимоти тиббии замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббию профилактикӣ

давоми сол, тибқи нақшаи алоҳида


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсуси муассисаҳо

Беҳдошти  хизматрасонии тиббӣ

24

Таъмир намудани таҷҳизоти корношоям дар муассисаҳои тиббӣ

давоми сол

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва муассиасаҳои тиббӣ

маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсуси муассисаҳо


Беҳдошти

хизматрасонии тиббӣ


25

Бо нақилёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин намудани Стансияи ёрии таъҷилӣ

давоми сол, тибқи нақшаи алоҳида


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

маблағҳои буҷетӣ, сармоягузорон

Саривақт расонидани кӯмаки фаврии тиббӣ

26

Омӯзонидани мутахассисони соҳа дар самти корбарӣ бо технология ва таҷҳизоти муосири тиббӣ

давоми сол

Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

маблағҳои буҷетӣ, сармоягузорон

Истифодаи технология ва таҷҳизоти муосири тиббӣ

27

Баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ

давоми сол

Роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

маблағҳои буҷетӣ

Бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани соҳа


28

Таъмин намудани муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бо табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои оилавӣ

тибқи нақша давоми сол

Роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

маблағҳои буҷетӣ, тибқи нақшаи Лоиҳа, сармоягузорон

Беҳдошти хизматрасонии тиббӣ дар минтақаҳо

29

Таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо дорувории босифат

давоми сол

Раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд

маблағҳои буҷетӣ

Таъмини аҳолӣ бо дорувории босифат

30

Васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахш дар муолиҷа ва солимгардонии аҳолӣ

давоми сол

Муассисаҳои тиббии шаҳр

маблағҳои буҷетӣ

Истифодаи гиёҳҳои маҳаллӣ


31

Ташкили реестри беморони гирифтори нуқсони модарзоди дил, ки баҷарроҳӣ ниёз доранд ва беморони гурдаи ба диализ ниёз дошта

семоҳаи якуми соли 2016

Муассисаҳои тиббии шаҳр

маблағҳои буҷетӣ

Беҳдошти хизматрасонӣба гирифторони бемории нуқсони модарзоди дил ва гурда

32

Ташкили муоина ва муолиҷаи иштирокчиён ва маъюбони  Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945

нимсолаи аввал

Муассисаҳои тиббии шаҳр

маблағҳои буҷетӣ

Беҳдошти сиҳатии иштирокчиён ва собиқадорони  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

33

Ташкили шӯъбаи пайвандсозии гурдаҳо

семоҳаи чорум

МИҲД-и шаҳри Хуҷанд БКШ №1 ш. Хуҷанд


маблағҳои буҷетӣ

Пайвандсозии гурдаҳо


Замимаи 2
ба қарори Раиси шаҳри Хуҷанд
аз __ феврали  соли 2016, № __
тасдиқ шудааст

Ҳайати

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 – соли фарди солим» дар шаҳри Хуҷанд


Раиси Шӯро

- муовини Раиси шаҳр;
(сарпарасти соҳа)

Муовини раиси Шӯро

-масъул оид ба соҳаи тандурустӣ;

Котиби Шӯро

-Сарвари Маркази саломатии шаҳрии №4;


Аъзо:


Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоц ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр;

Мудири шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр;

Маркази иттилооти шаҳр

Сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр;

Мудири шӯъбаи меъморц ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

Мудири бахши сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

Мудири бахши нақлиёт ва алоқаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

Мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

Котиби комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак;

Мудири шӯъбаи  кор бо занон ва оилаи шаҳр;

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр;

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр;

Мудири шӯъбаи маорифи шаҳр;

Мудири бахши фарҳанг;

Мудири шӯъбаи  иқтисод ва савдои шаҳр;

Сардори Раёсати  молияи шаҳр;

Сардори шӯъбаи хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд;

Директори намояндагии корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию - коммуналц» дар шаҳр;



Муовинони Раиси шаҳр

Муҳаммадҷонзода М.Т. Муҳаммадҷонзода М.Т. Муовини раиси шаҳр.Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой. 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.Соли 1984 Институти ...
Бобозода Т.К. Бобозода Т.К. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри ХуҷандБобозода Толиб Карим санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.Соҳиби маълумоти олӣ буд...
Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Марҳабо Усмоновна 7 октябри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишкадаи текстили- технологии б...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Бойматов Р. Р. Бойматов Р. Р. Бойматов Раҳимҷон Расулович. 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 Дон...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти политехникии Тоҷикистонро   бо...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз455
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта448
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта903
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3322
mod_vvisit_counterҲамин моҳ13450
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16767
mod_vvisit_counterҲамагӣ782889