(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд

аз 18.01.2016 с.                                                           №16

Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 декабри соли 2015, №546  Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи вилоятии  «Соли 2016- Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» бо мақсади рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти маҳал, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ,  ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода бурдани неъматҳои табиат, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои тиб, маориф, фарҳанг, баланд  бардоштани  нақш  ва фаъолнокии  аҳолӣ  дар  ҳаёти ҷамъиятӣ  қ а р о р   м е к у н а м:
1. Ҳайати комиссия ва Низомномаи комиссияи озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» тасдиқ карда шавад. (замимаҳои 1, 2)
2. Ба комиссияи озмун  супорида шавад, ки фаъолияти худро тибқи низомнома ба роҳ монда дар ҳамкорӣ бо  кумитаи маҳаллаҳо,  Корхонаҳои давлатии «Истифодабарии манзили»-и соҳили рост ва чапи шаҳр барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани озмун тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Шӯъбахои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, шӯъбаҳои иқтисодиёт ва савдо, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахшҳои саноат ва энергетика, фарҳанги мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  идораи сохтмони асосии шаҳр, шӯъбаи хифзи муҳити зисти шаҳр, корхонаи воҳиди давлатии комуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва дар ин замина ҷалб намудани корхонаҳо, ташкилотҳо ва шахрвандон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, роҳҳо, хатҳои обтаъминкунӣ, чароғонкунии кӯчаҳо  тадбирҳои амалӣ анҷом диҳанд.
4. Ба Раёсати молияи  шаҳр супорида шавад, ки барои мукофотонии ғолибони озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин»  аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди буҷети маҳаллии шаҳр ба ҳолати 1-январи соли 2016 мавҷуда ба ҳисоби дастгоҳи Раиси шаҳр 45.000 (чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
5. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр вазифадор карда шавад, ки  дар  якҷоя бо рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», ширкатҳои телевизион ва радиои «СМ-1», «Азия», «Танин», «Диёр»  оид ба рафти озмун ва ҷамъбасти он маводҳо нашр намуда, барномаҳои ҷолибро таҳия намоянд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур  ба зиммаи муовинони Раиси шаҳр Муҳаммадҷонзода М.Т., Муродӣ У.Б. ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Самадова Б.З. гузошта шавад.


Раиси шаҳр                                                       Раҷаббой  Аҳмадзода



Замимаи 1

бо қарори Раиси шаҳр

аз «18» 01 соли 2016, №16

тасдиқ  шудааст



Ҳайати

комиссияи озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин»


1. Муҳаммадҷонзода М.Т. – муовини Раиси шаҳр, раиси комиссия;

2. Муродӣ У.Б. – муовини Раиси шаҳр, муовини раиси Комиссия;

3. Самадова Б.З. - роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, муовини  раиси комиссия;

4. Мамадҷонов Ф. С. – мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси  шаҳр, котиби комиссия

 Аъзо:

5. Раҳимов Р.Б. – мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр;

6.  Каримов М.М. –   мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  дастгоҳи Раиси шаҳр;

7. Саидов М.Р. – сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр;

8. Алимов У.С. – мудири шӯъбаи иқтисодиёт ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд;

9. Солиев А.А. – мудири бахши саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд;

10.Дадобоева М.О. – мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд;

11.Қосимов Б.И. – мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд;

12.Бобоҷонов А.А. – сардори Раёсати молияи шаҳр;

13.Шокиров М. – сардори идораи сохтмони асосии шаҳр;

14.Ҷалолов С.Ҷ. – мудири шӯъбаи маорифи шаҳр;

15.Каримов А.О. – шахси масъули шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо  ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр,  оид ба соҳаи тандурустӣ;

16.Исматҷонов Б.Ҳ.– мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр;

17.Миркамолов Т.Н. – сардори шӯъбаи  ҳифзи муҳити зисти шаҳр;

18.Шокиров Д.Ю. - директории генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр;

19.Дадобоев М.– роҳбари маркази таҳлилию иттилоотии  дастгоҳи раиси шаҳр;

Замимаи 2

бо қарори Раиси шаҳр

аз «18» 01 соли 2016, №16

тасдиқ  шудааст


Низомномаи

комиссияи озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин»


1.Муқаррароти умумӣ


1.1.Низомномаи мазкур  шарт ва тартиби гузаронидани ҷамъбасти

озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» (минбаъд озмун)-ро муайян менамояд.
1.2.Дар озмун кумитаи маҳаллаҳо, қитъаҳои истифодабарии манзили соҳили рост ва чап, кӯчаҳо, биноҳои баландошёна, ҳавлиҳои  шаҳр иштирок менамоянд.


2. Мақсад ва вазифаҳои озмун


2.1.Озмун бо мақсади иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд аз 16 декабри соли 2015, №546 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи вилоятии  «Соли 2016- Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод»», рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти маҳал, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, иҷрои нақшаҳои барномавӣ, густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, самаранок ва максаднок истифода бурдани неъматҳои табиат , беҳтар намудани фаъолияти муассисахои соҳаи тиб, маориф, фарҳанг, тозаву озода нигоҳ доштани хонаҳои баландошёна, баланд бардоштани нақш ва фаъолияти аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.


3.Шартҳои озмун


3.1.Озмуни шаҳрӣ барои дарёфти унвони«Махаллаи беҳтарин»

гузаронида мешавад.
3.2.Дар байни маҳаллаҳо, қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳр, кӯчаҳо, биноҳо ва ҳавлиҳо озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» дар асоси  нишондиҳандаҳои зерин сурат мегирад:
- фаъолияти самараноки кумитаи маҳалла;
- пардохти ҳаққи қувваи барқи истифодашуда;
- риояи қонун ва тартиботи хуқуқӣ;
- иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти
падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
- корҳои иҷрошуда бо дастгирии соҳибкорони маҳалла;
- корҳои сохтмонӣ ба тариқи ҳашар аз ҷониби аҳолӣ;
- таъмир ва рангубори ҳавлию биноҳои истиқоматӣ, даромадгоҳу роҳравҳо;
- эҳёи анъанаҳои аҷдодии гулпарварӣ;
- чароғонкунии маҳал;
- надоштани иншоотҳои худсарона бунёдгардида;
- корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ;
- ҳолати муҳити зист;
- таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат;
- маҷмӯи хизматрасонӣ бо аҳолӣ;
- ҳолати роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллидошта;
- ҳолати муассисаҳои тиббӣ;
- ҳолати муассисаҳои маориф;
- ҷинояткории ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо содиршуда;
- ҳолати иншоотҳои фарҳангӣ;
- ҳолати истифодабарии чойхонаҳо;
-мавҷудият ва майдончаҳои варзишӣ;
-теъдоди аҳолие, к ибо варзиш шуғл меварзанд;
-ҳолати кор бо муроҷиати шаҳрвандон;
-ҳолати коргузорӣ;
-фаъолияти комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
-солимии оила, корҳо ҷиҳати пешгирии бекоршавии ақди никоҳ;
-фаъолияти Шӯрои занон ва созмони ҷавонон дар маҳалла;
-иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ;

4.Тартиби гузаронидани озмун.

4.1.Комиссияи шаҳрӣ дар маҳаллаҳо  ҷараёни омодагӣ ва рафти озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин»-ро ҳар се моҳ санҷида, хулосаҳои худро ба унвони Раиси шаҳр дар шакли гузориши муфассали  хаттӣ пешниҳод менамояд. Бо назардошти хулоса ва пешниҳодоти комиссия бо қарори Раиси шаҳр натиҷаҳои озмуни шаҳрӣ ва ғолибони он муайян мешаванд.
4.2.Рафти озмун аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ марҳила ба марҳила (тибки ҷадвали алоҳида) ҷамъбаст шуда, ба Раиси шаҳр маълумот пешниҳод мешавад.
4.3. Тартиби баҳогузорӣ ва ҷамъбасти озмун аз ҷониби комиссияи озмун муайян карда мешавад.
4.4.Озмун дар байни маҳаллаҳо то 1 августи соли 2016 ҷамъбаст гардида, се маҳаллаи беҳтарин ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод карда мешавад.
4.5. Ҳангоми ҷамъбаст маводи дар нашрияҳои даврӣ ба табъ расида, тавассути радио ва телевизионҳои маҳаллӣ пахш гардида (ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ) ба инобат гирифта мешавад.
4.6. Дар ҷараёни озмун аъзоёни комиссия  метавонанд тариқи инфиродӣ нишондиҳандаҳои маҳаллаҳоро мувофиқи Низомномаи мазкур арзёбӣ намуда, ба комиссия пешниҳод намоянд.
4.7. Ҷаласаҳои комиссия марҳила ба марҳила, вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ ва ҳангоми зарурат ташкил ва гузаронида мешавад.

5.Мукофотонии ғолибон

5.1.Ҷамъбасти озмун дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
5.2.Ба ғолибони озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» чунин мукофотпулӣ  муқаррар мешавад:

Маҳаллаи беҳтарин:

Ҷойи аввал                                                                         20.000 сомонӣ

Ҷойи дуюм                                                                          15.000 сомонӣ

Ҷойи сеюм                                                                          10.000 сомонӣ

6.Муқаррароти  хотимавӣ

6.1.Ҷараён ва натиҷаи озмун тариқи воситаҳои ахбори оммаи шаҳр ба аҳли ҷомеа расонида мешавад.

Муовинони Раиси шаҳр

Муҳаммадҷонзода М.Т. Муҳаммадҷонзода М.Т. Муовини раиси шаҳр.Муҳаммадҷонзода Маъруф Тӯхтабой. 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.Соли 1984 Институти ...
Бобозода Т.К. Бобозода Т.К. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри ХуҷандБобозода Толиб Карим санаи 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.Соҳиби маълумоти олӣ буд...
Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Марҳабо Усмоновна 7 октябри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишкадаи текстили- технологии б...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Бойматов Р. Р. Бойматов Р. Р. Бойматов Раҳимҷон Расулович. 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 Дон...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти политехникии Тоҷикистонро   бо...

Эълонҳо

Бахши сармоягузори ва идораи амволи давл…

Бахши сармоягузори ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

19 Сен 2016

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз333
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта542
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3818
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта3979
mod_vvisit_counterҲамин моҳ11127
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15400
mod_vvisit_counterҲамагӣ747749